1 СУРАИ ФОТИҲА

Назад

тарҶумаи Қуръон аз Тафсири Мухтасари Хатлонй

 

 

1

Сураи  ФОТИҲА 1

1.    Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

2.Ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.

3.Бахшояндаи меҳрубон,

4.Фармонравои рӯзи ҷазо.

5.Танҳо Туро мепастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем.

6.Моро ба роҳи рост ҳидоят кун:

7.Роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаӣ, на хашмгирифтагонӣ2  бар онҳо ва на гумроҳон3.

 

1. Аз он рӯй, ки калому-л-лоҳи маҷид бо ин сура оғоз мешавад, фотиҳату-л-китобаш хондаанд. Аз дигар номҳои он «Сабъулмасонӣ» аст, зеро ҳафт оя дорад ва ба ривояте ду бор ба паёмбар    нозил шудааст ё дар ҳар намоз ду бор хонда мешавад. Фотиҳа ту-л-китоб  дар Макка нозил шудааст.

2. Онҳоеанд, ки ҳақро донистанд ва аз он саркашӣ карданд (ҳамчун яҳудон).

3. Онҳоеанд, ки ҳақро нашинохтанд ва гумроҳ шуданд (ҳамчун насоро).

Мы в социальных сетях