8 Сураи АНФОЛ (Ғаниматҳо)

Назад

8 Сураи АНФОЛ

(Ғаниматҳо)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.    Туро аз ғаниматҳои ҷангӣ мепурсанд, бигӯ: «Ғаниматҳои ҷангӣ аз они Худову паёмбар аст. Пас агар аз мӯъминон ҳастед, аз Худо битарсед ва бо якдигар ба оштӣ зист кунед ва аз Худову паёмбараш фармон баред!»

2.  Мӯъминон касоне ҳастанд, ки чун номи Худо бурда шавад, хавф дилҳошонро фаро гирад ва чун оёти Худо бар онон хонда шавад, имонашон афзун гардад ва бар Парвардигорашон таввакул мекунанд,

3.  ҳамон касон, ки намоз мегузоранд ва аз он чӣ рӯзияшон додаем, садақа мекунанд.

4.Инҳо мӯъминони ҳақиқӣ ҳастанд. Дар назди Парвардигорашон соҳиби дараҷот  ва мағфирату ризқе некӯ ҳастанд.

5.   Ончунон буд, ки Парвардигорат туро аз  хонаат2 ба ҳақ берун овард, ҳол он ки гурӯҳе аз мӯъминон нохушнуд буданд.

6.  Бо он ки ҳақиқат бар онҳо ошкор шуда, дар бораи он бо ту муҷодала мекунанд, чунон қадам  бармедоранд, ки гӯё  мебинанд, ки онҳоро ба сӯи марг меронанд.

7.        Ва (ба ёд ор) он гоҳро, ки Худо ба шумо ваъда дод, ки яке аз он ду гурӯҳ3  ба дасти шумо афтад ва дӯст доштед, ки он гурӯҳ, ки холӣ аз қудрат аст, ба дасти шумо афтад, ҳол он ки Худо мехост ба суханони хеш ҳақро бар ҷои худ нишонад ва решаи кофиронро қатъ кунад,

8.    то ҳақро собит ва ботилро ночиз гардонад, ҳарчанд гуноҳкорон нохушнуд бошанд.

9. Ва (ба ёд оред) он гоҳ, ки аз Парвардигоратон ёрӣ хостед ва Худо бипазируфт,   ки Ман бо ҳазор фаришта, ки аз паи  якдигар меоянд, ёриатон мекунам!

10. Ва  он корро Худо ҷуз барои шодмонии шумо накард ва то дилҳоятон ба он ором гирад. Ва ёрӣ танҳо аз сӯи Худост, ки ӯ пирӯзманду ҳаким аст!

11. Ва (ба ёд оред) он гоҳро, ки Худо чунон эминиатон дода буд, ки хобе сабук шуморо фурӯ гирифт ва аз осмон бароятон бороне борид, то шустушӯятон диҳад ва васвасаи шайтонро аз шумо дур кунад ва дилҳоятонро қавӣ гардонад ва қадамҳоятонро устувор созад.

12. Ва (ба ёд оред) он гоҳро, ки Парвардигорат ба фариштагон ваҳй кард: «Ман бо шумоям. Шумо мӯъминонро ба пойдорӣ водоред. Ман дар дилҳои кофирон бим хоҳам  афканд.  гарданҳояшонро бизанед ва дасту пояшонро бизанед!»

13.  Зеро бо Худову паёмбараш ба мухолифат бархостанд. Ва ҳар кӣ бо Худову паёмбараш мухолифат варзад, бидонад, ки уқубати Худо сахт аст!

14.Уқубатро бичашед ва азоби оташ аз они кофирон аст!

15. Эй касоне, ки имон овардаед, чун кофиронро бисёр дидед, ба гурез пушт макунед,

16. ҷуз онҳо, ки барои ҳамлае бозмегарданд ё онҳо, ки ба ёрии гурӯҳи дигар мераванд, ҳар кас, ки пушт ба душман кунад, мавриди хашми Худо қарор мегирад ва ҷойгоҳи ӯ ҷаҳаннам  аст ва ҷаҳаннам бад ҷойгоҳест!

17.    Шумо ононро намекуштед (ба тавонои ва қудрати худ), Худо буд, ки онҳоро мекушт (бо ин ки шуморо бар куштани онҳо қодир гардонид). Ва он гоҳ, ки тир меандохтӣ, ту тир намеандохтӣ, Худо буд, ки тир меандохт, то ба мӯъминон неъмате некӯ арзонӣ дорад. Албатта, Худо шунавову доност!

18. Инчунин буд! Ва Худо сусткунандаи ҳилаи кофирон аст.

19.  Агар пирӯзӣ хоҳед5, пирӯзиятон фаро расид (яъне, Муҳаммадро бар шумо нусрат додем) ва агар аз куфр бозистед, бароятон беҳтар аст ва агар бозгардед (ба ҷанги зидди Муҳаммад), бозмегардем (боз Муҳаммадро бар шумо нусрат медиҳем) ва сипоҳи шумо ҳарчанд фаровон бошад, бароятон суде нахоҳад дошт, ки Худо бо мӯъминон аст.

20. Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худову паёмбараш итоъат кунед ва дар ҳоле, ки сухани ӯро мешунавед, аз ӯ руй бармагардонед.

21. Ва аз онон мабошед, ки гуфтанд, ки шунидем, дар ҳоле, ки   намешуниданд.

22. Бадтарини ҷонварон дар назди Худо ин карону (касоне,  ки ҳақро намешунаванд) гунгон (касоне,  ки ҳақро намегуянд) ҳастанд, ки дарнамеёбанд.

23. Ва агар Худо хайре дар онон меёфт, ҳақро ба онҳо мефаҳмонд ва агар ҳам ба онон ҳақро мефаҳмонд, боз ҳам бармегаштанд ва аз ҳақ рӯй мегардониданд.

24.  Эй касоне, ки имон овардаед, чун Худову паёмбараш шуморо ба чизе фаро хонанд, ки зиндагиятон мебахшад (зиндагии маънавӣ, яъне шуморо ба сӯи дини ҳақ ва имон мехонад), даъваташонро иҷобат кунед ва бидонед, ки Худо миёни одамӣ ва қалбаш ҳоил аст6 ва ҳама ба пешгоҳи ӯ гирд оварда шавед!

25. Ва битарсед аз фитнае (бало ва азоб), ки танҳо ситамкоронатонро дар бар нахоҳад гирифт ва бидонед, ки Худо ба сахтӣ уқубат мекунад!

 

26. Ва (ба ёд оваред) он ҳангомро, ки андак будед ва дар шумори хоршудагони ин сарзамин бими он доштед, ки мардум шуморо аз миён бардоранд ва Худо паноҳатон (ҷоятон) дод  (дар Мадина) ва ёрӣ кард ва пирӯз гардонид ва аз чизҳои покиза рӯзӣ дод, бошад, ки шукр гӯед!

27. Эй касоне, ки имон овардаед, медонед, ки набояд ба Худову   паёмбар хиёнат кунед ва дар амонат хиёнат варзед.

28.  Бидонед, ки дороиҳо ва фарзандон василаи озмоиши шумоянд ва подоши бузург дар назди Худост.

29.  Эй касоне, ки имон овардаед, агар аз Худо битарсед, шуморо биноии шинохти ҳақ аз ботил диҳад ва гуноҳонатонро бизудояд ва шуморо биёмурзад, ки соҳиби фазлу караме бузург аст!

30.  Ва он ҳангомро (ба ёд овар), ки кофирон дар бораи ту нақша мекашиданд, то дар бандат афкананд ё бикушандат ё аз шаҳр (Макка) берунат созанд. Онон  нақша мекашиданд ва Худо низ  макру ҳиллаи онҳоро ботил мекард ва Худо беҳтарини тадбиркунандагон аст.

31. Чун оёти Мо бар онҳо хонда шуд, гуфтанд: «Шунидем. Ва агар бихоҳед, монанди он мегӯем, ки ин чизе ҷуз афсонаҳои пешиниён нест!»

32.  Ва он ҳангомро (ба ёд овар), ки гуфтанд: «Бор Худоё, агар ин  аз ҷониби Ту омадаву ҳақ аст, бар мо аз осмон бороне аз санг бибор ё азобе дардоваре бар мо бифирист».

33. То он гоҳ, ки ту дар миёнашон ҳастӣ, Худо азобашон накунад ва то он гоҳ, ки аз Худо омурзиш металабанд, низ Худо азобашон нахоҳад  кард.

 

34. Чаро Худо азобашон накунад, ҳол он ки мардумро аз Масҷиду-л-ҳаром бозмедоранд ва соҳибони он нестанд? Соҳибони он  танҳо парҳезгоронанд, вале бештаринашон намедонанд!

35.Ва дуъояшон дар назди хонаи Каъба ҷуз ҳуштак кашидан ва кафкубӣ ҳеҷ набуд. Пас ба подоши куфратон азобро бичашед!

36.Кофирон амволашонро харҷ мекунанд, то мардумро аз роҳи Худо боздоранд. Молҳояшонро харҷ хоҳанд кард ва ҳасрат хоҳанд бурд, сипас мағлуб мешаванд. Ва кофиронро дар ҷаҳаннам гирд меоваранд!

37.То Худо нопокро аз пок бознамоёнад ва нопоконро баъзеро бо баъзеи дигар даромезад. Он гоҳ ҳамаро гирд оварад ва ба ҷаҳаннам афканад. Инҳо зиёнкоронанд!

38.Ба кофирон бигӯй, ки агар даст бардоранд, гуноҳони гузаштаи  онҳо омурзида мешавад ва агар бозгарданд, донанд, ки бо пешиниён чӣ рафторе шудааст.

39.Бо онон набард кунед, то дигар фитнае (ширк) набошад ва дин, ҳама дини Худо гардад. Пас агар бозистоданд (аз ширк), Худо кирдорашонро мебинад.

40.Ва агар сарпечӣ кунанд, бидонед, ки Худо мавлои шумост, ӯ мавло ва ёридиҳандаи некӯст!

41. Ва агар ба Худо ва он чӣ бар бандаи Худ дар рӯзи фурқон7 , ки ду гурӯҳ ба ҳам расиданд (мӯъминон ва кофирон), нозил кардаем, имон овардаед, бидонед, ки ҳар гоҳ чизе ба ғанимат гирифтед, аз панҷ як ҳиссаи он  аз они Худову паёмбар ва хешовандон8  ва ятимон ва мискинону  дар роҳ мондагон аст. Ва Худо  ба ҳар чизе тавоност!

42. Шумо дар каронаи наздиктари биёбон будед ва онҳо дар каронаи дуртар буданд ва он қофила дар маконе фурӯтар аз шумо буд. Агар шумо бо якдигар замони ҷангро таъйин мекардед, боз ҳам аз он хилоф меварзидед, то коре, ки Худо муқаррар кардааст, воқеъ шавад, то ҳар кӣ ҳалок мешавад, ба далеле ҳалок шавад ва ҳар кӣ зинда мемонад, ба далеле зинда  монад. Ҳаройна Худо шунавову доност!

43. Дар хоб Худо теъдодашонро ба ту андак нишон дод. Агар теъдоди онҳоро бисёр нишон дода буд, аз тарс нотавон мешудед ва дар тасмим ба ҷанг ба низоъ бармехостед, вале Худованд шуморо аз душманон дар амон дошт, ки ӯ ба он  чӣ дар дилҳост, огоҳ аст!

44. Ва он гоҳ, ки  чун ба ҳам расидед, ононро дар чашми шумо андак намуд ва шуморо низ дар чашми онон андак, то он кор, ки муқаррар дошта буд, воқеъ гардад. Ва ҳамаи корҳо ба Худо бармегардад!

45. Эй касоне, ки имон овардаед, агар ба гурӯҳе аз душман бархӯрдед, пойдорӣ кунед ва Худоро фаровон ёд кунед, бошад, ки пирӯз шавед.

46. Аз Худову паёмбараш итоъат кунед ва бо якдигар ба низоъ                       барнахезед, ки нотавон шавед ва шаън (шавкат) аз шумо биравад. Сабр пеша гиред, ки Худо ҳамроҳи собирон аст!

47.Монанди он касон мабошед, ки сармасти ғурур ва барои   худнамоӣ аз диёри хеш берун омаданд ва дигаронро аз роҳи  Худо боздоштанд. Ва Худо ба ҳар коре, ки мекунанд, иҳота (огоҳии комил) дорад.

48.Шайтон кирдорашонро дар назарашон биёрост ва гуфт: «Имрӯз аз мардум касе бар шумо пирӯз намешавад ва ман паноҳдиҳандаи шумоям». Вале  чун ду  гурӯҳ рӯ ба рӯ шуданд, ӯ бозгашту гуфт: «Ҳаройна ман аз шумо безорам, дар ҳакикат ман чизҳоеро мебинам (нусратеро, ки иборат аз фавҷи малоика буд), ки шумо намебинед, ман аз Худо метарсам, ки ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад!»

49.Мунофиқон ва он касоне, ки дар дил беморие доранд, гуфтанд: «Инҳоро динашон фирефта аст». Ва ҳар кас, ки ба Худо таваккул кунад, ӯро пирӯзманд ва ҳаким хоҳад ёфт!

50.Агар бубинӣ он замонро, ки фариштагон ҷони кофиронро меситонанд ва ба рӯю  пушташон мезананд ва мегӯянд: «Азоби сӯзонро бичашед!»

51.Ин ба ҷазои аъмоле буд, ки пеш аз ин карда будед ва Худо  ба бандагонаш ситам раво намедорад.

52.Ва ин ба шеваи хонадони Фиръавн буд ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, онҳо ба оёти Худо кофир шуданд. Пас Худо онҳоро ба ҷазои гуноҳонашон азоб кард, ки Худо нерӯманд ва сахтуқубат аст!

53.Зеро Худо неъматеро, ки ба қавме арзонӣ доштааст, дигаргун насозад, то он қавм худ дигаргун шаванд. Ва Худо шунаво ва доност!

54.Ва ин ба шеваи хонадони  Фиръавн буд ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, онҳо оёти Парвардигорашонро дурӯғ шумориданд ва Мо ба ҷазои гуноҳонашон  ҳалокашон кардем ва хонадони Фиръавнро ғарқа сохтем, зеро ҳама ситамгор буданд.

55.Албатта, бадтарин ҷунбандагон (инсонҳо) дар назди Худо онҳоянд, ки кофир шудаанд ва имон намеоваранд.

56.Касоне, ки ту аз онон паймон гирифтӣ, сипас паёпай паймони хешро мешикананд ва ҳеҷ парво намекунанд,

57.пас агар онҳоро дар ҷанг биёбӣ, парокандаашон соз  (бо куштан), то пайравонашон низ пароканда шаванд, бошад, ки ибрат гиранд.

58.Агар медонӣ, ки гурӯҳе дар паймон хиёнат меварзанд, ба онон эълон кун, ки (байни ману шумо паймоне боқӣ намондааст, яъне ҳар ду гурӯҳ донанд, ки байнашон паймоне намондааст) монанди худашон амал хоҳӣ кард. Зеро Худо хоинонро дӯст надорад!

59.Онон, ки кофир шудаанд, напиндоранд, ки пешдастӣ кардаанд (яъне, аз қудрати Худованд берун шудаанд ва ӯ онҳоро ҷазо дода наметавонад), зеро Худоро нотавон карда наметавонанд.

60.Ва дар баробари онҳо метавонед нерӯ ва аспони саворӣ омода кунед, то душманони Худо ва душманони худ ва ғайри  онҳоро, ки шумо онҳоро намешиносед ва Худо мешиносад, битарсонед. Ва он чиро, ки  дар роҳи Худо харҷ мекунед, ба тамомӣ ба шумо бозгардонда шавад ва ба шумо ситам нашавад.

61. Ва агар ба сулҳ майл кунанд, ту низ ба сулҳ майл кун ва бар Худо таваккал кун ки ӯст  шунаво ва доно!

62.  Ва агар хостанд, ки туро бифиребанд, Худо барои ту кофист. ӯст, ки туро ба ёрии хеш  ва ёрии мӯъминон қувват додааст.

63.Дилҳояшонро ба якдигар меҳрубон сохт. Агар ту ҳамаи он чиро, ки дар рӯи замин аст, харҷ мекардӣ, дилҳои онҳоро ба якдигар меҳрубон намекардӣ. Вале Худо дилҳояшонро  ба якдигар меҳрубон кард, ки ӯ пирӯзманду ҳаким аст!

64.Эй паёмбар, Худо туро ва мӯъминонеро, ки аз ту пайравӣ мекунанд,  басанда аст.

65.Эй паёмбар, мӯъминонро ба ҷанг барангез. Агар аз шумо бист тан бошанд ва дар ҷанг пойдорӣ кунанд, бар дусад тан ғалаба хоҳанд ёфт. Ва агар сад тан бошанд, ба ҳазор тан  аз кофирон пирӯз мешаванд. Зеро онон мардуме маҳрум аз фаҳманд.

66.Акнун Худо бор аз дӯшатон бардошт ва аз нотавониятон огоҳ шуд. Агар аз шумо сад тан бошанд ва дар ҷанг пой фушуранд, бар дусад тан пирӯз мешаванд. Ва агар аз шумо ҳазор тан бошанд, ба ёрии Худо бар ду ҳазор тан пирӯз мешаванд. Ва Худо бо онҳост, ки пойдорӣ мекунанд!

67.Барои ҳеҷ паёмбаре насазад, ки асирон дошта бошад, то ки дар рӯи замин куштори бисёр кунад. Шумо матоъи ин ҷаҳониро мехоҳед ва Худо маслиҳати охиратро мехоҳад. Ва ӯ пирӯзманду ҳаким аст!7

68.Агар пеш аз ин аз ҷониби Худо ҳукме нашуда буд, ба сабаби он чӣ гирифта будед, азобе бузург ба шумо мерасид.

69.Аз он чӣ ба ғанимат гирифтаед, ки ҳалол асту покиза, бихӯред. Ва аз  Худо битарсед. Албатта, Худо омурзандаву меҳрубон аст!

70.Эй паёмбар,  ба асироне, ки дар дасти шумо ҳастанд, бигӯ: «Агар Худо дар дилҳоятон нишони имон бубинад, беҳтар аз он чӣ аз шумо гирифта шуда, арзониятон хоҳад дошт ва меомурзадатон ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!».

71.Агар қасди хиёнат ба ту дошта бошанд, пеш аз ин ба Худо хиёнат варзидаанд ва Худо туро бар онҳо нусрат додааст, ки донову ҳаким аст!

72.Онон, ки имон овардаанд ва муҳоҷират кардаанд ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд ва онон, ки ба муҳоҷирон ҷой дода  ва ёриашон кардаанд, хешовандони якдигаранд. Ва онон, ки имон овардаанд, ва муҳоҷират накардаанд, хешовандони шумо нестанд, то он гоҳ, ки муҳоҷират кунанд. Вале агар шуморо ба ёрӣ талабиданд, бояд ба ёриашон бархезед, магар он, ки бар зидди он гурӯҳе бошад, ки миёни шумо ва онҳо паймоне баста шуда бошад. Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, биност!

73.Кофирон низ хешовандони якдигаранд. Агар муроъоти он накунед, фитнаву фасоде бузург дар ин сарзамин падид хоҳад омад.

74.Онон, ки имон овардаанд ва муҳоҷират карданд ва дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд ва онон, ки ҷояшон додаанд ва ёриашон кардаанд, ба ҳақиқат мӯъминонанд, омурзиш ва рӯзии некӯ аз они онҳост.

75.Ва касоне, ки баъдан имон овардаанд ва муҳоҷират кардаанд ва ҳамроҳи шумо ҷиҳод кардаанд, аз шумо ҳастанд. Ба ҳукми китоби Худо хешовандон ба якдигар сазовортаранд. Ва Худо бар ҳар чизе доност!

Мы в социальных сетях