Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.То, син, мим.
2.Ин аст оёти ин китоби равшангар (яъне қуръони маҷид, ки бо мӯҳтавои равшанаш ҳақро аз ботил ва роҳи ростро аз бероҳа намудор месозад ва роҳи саъодатро барои инсонҳо нишон медиҳад).
3.Барои онҳо, ки имон меоваранд, достони ростини Мӯсо ва Фиръавнро бар ту мехонем.
4.Фиръавн дар он сарзамин (Миср) бартарӣ ҷӯст ва мардумашро фирқа –фирқа сохт (яъне, мардуми Мисрро ба ду гурӯҳ: қибтиён ва сибтиён тақсим кард). Фирқаеро (сибтиён, ки бани Исроил буданд) хор медошт ва писаронашонро мекушт ва занонашонро зинда мегузошт, ки ҳаройна, ӯ аз табаҳкорон буд.
5.Ва Мо бар он ҳастем, ки бар бечорагони рӯи замин неъмат медиҳем ва ононро пешвоён созем ва ворисон гардонем.
6.Ва онҳоро дар он сарзамин обрӯву қудрат бахшидем ва ба Фиръавну Ҳомон (вазири Фиръавн) ва лашкариёнашон чизеро, ки аз он метарсиданд, нишон диҳем.
7.Ва ба модари Мӯсо ваҳй кардем, ки шираш бидеҳ ва агар бар ӯ бимнок шудӣ ба дарёаш биандоз ва матарсу ғамгин машав, ӯро ба ту, ҳатман, бозмегардонем ва дар шумори паёмбаронаш меоварем.
8.Хонадони Фиръавн ёфтандаш, то душманашон ва сабаби андӯҳашон гардад. ҳаройна, Фиръавну Ҳомон ва лашкариёнашон хатокор буданд.
9.Зани Фиръавн (Осия) гуфт: «Ин мояи шодмонии ману туст. ӯро макушед, шояд ба мо суде бирасонад ё ӯро ба фарзандӣ гирем». Ва намедонистанд, ки чӣ мекунанд.
10. Модари Мӯсоро дил танг шуд. Ва агар дилашро қавӣ накарда будем, ки аз мӯъминон бошад, наздик буд, ки он розро фош созад.
11. Ва ба хоҳари ӯ гуфт: «Аз пайи ӯ бирав». Ва зан бе он ки онон дарёбанд, аз дур дар ӯ менигарист.
12. Пистони ҳамаи доягонро аз пеш бар ӯ ҳаром карда будем. Он зан гуфт: «Оё мехоҳед шуморо ба хонаводае раҳнамоӣ кунам, ки ӯро бароятон нигоҳ доранд ва некхоҳаш бошанд?»
13. Пас, ӯро назди модараш баргардонидем, то чашмони он зан (аз дидори тифлаш) равшан гардад ва ғамгин набошад ва бидонад, ки албатта, ваъдаи Худо ҳақ аст, вале бештаринашон намедонанд!
14. Чун ба ҳадди балоғат расид ва барӯманд шуд, ӯро фарзонагиву дониш додем ва некӯкоронро чунин подош медиҳем.
15. Бехабар аз мардуми шаҳр ба шаҳр дохил шуд. Ду танро дид, ки бо ҳам ҷанг мекунанд. Ин як аз пайравонаш буд ва он як аз душманонаш. Он кӣ аз пайравонаш буд, бар зидди он дигар, ки аз душманонаш буд, аз ӯ ёрӣ хост. Мӯсо муште бар ӯ зад ва ӯро кушт. Гуфт: «Ин кори шайтон буд. ҳаройна, ӯ душмани гумроҳкунандаи ошкор аст».
16. Гуфт: «Эй Парвардигорам, ҳаройна, ман ба худ ситам кардам. Маро биёмурз». Ва Худояш биёмурзид. Албатта, ӯ омурзандаву меҳрубон аст!
17. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба сипоси неъмате, ки бар ман ато кардӣ, ҳаргиз пуштибони гунаҳкорон нахоҳам шуд!»
18. Дигар рӯз дар шаҳр тарсон ва чашм ба роҳи ҳодиса мегардид. Марде, ки дирӯз аз ӯ мадад хоста буд, боз ҳам аз ӯ мадад хост. Мӯсо ба ӯ гуфт: «ҳаройна,Ту гумроҳи ошкор ҳастӣ”!
19. Чун хост мардеро, ки душмани ҳардуи онҳо буд, бизанад, гуфт: «Эй Мӯсо, оё мехоҳӣ ҳамчунон, ки дирӯз якеро куштӣ, маро низ бикушӣ? Ту мехоҳӣ, ки дар ин сарзамин золиме бошӣ ва намехоҳӣ, ки аз солеҳон бошӣ».
20. Марде аз дурдасти шаҳр давон омаду гуфт: «Эй Мӯсо, сардорони шаҳр дар бораи ту раъй мезананд, то бикушандат. Берун бирав. Ман, ҳаройна, хайрхоҳи ту ҳастам!»
21. Тарсону нигарон аз шаҳр берун шуд. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз ситамкорон раҳоӣ бахш!»
22. Чун ба ҷониби Мадян2 равон шуд, гуфт: «Шояд Парвардигори ман маро ба роҳи рост раҳбарӣ кунад».
23. Чун ба оби Мадян расид, гурӯҳе аз мардумро дид, ки чорпоёни худро об медиҳанд ва пушти сарашон ду занро дид, ки гӯсфандони худро бозмеронанд. Гуфт: «Шумо чӣ мекунед?» Гуфтанд: «Мо об намедиҳем, то он гоҳ ки чӯпонон бозгарданд, ки падари мо пири бузургвор аст»
24. Гӯфсандонро об дод. Сипас ба соя бозгашту гуфт: «Эй Парвардигори ман, ман, ба таҳқиқ, ба он неъмате, ки бароям мефиристӣ, мӯҳтоҷам».
25. Яке аз он ду зан, ки шармида роҳ мерафт, назди ӯ омад ва гуфт: «ҳаройна, падарам туро мехонад, то музди об доданатро бидиҳад». Чун назди ӯ омад ва саргузашти хеш бигуфт, гуфт: «Матарс, ки ту аз мардуми ситамкор наҷот ёфтаӣ».
26. Яке аз он ду гуфт: «Эй падар, ӯро мардикор гир, ки агар чунин кунӣ, беҳтарин марди нерӯманди аминест, ки муздур кардаӣ».
27. Гуфт: «ҳаройна, мехоҳам яке аз ин ду духтарамро зани ту кунам, ба шарти он, ки ҳашт сол мардикори ман бошӣ. Ва агар даҳ солро тамом кунӣ, худ хидматест ва ман намехоҳам, ки туро ба машаққат афканам. Иншоаллоҳ, маро аз солеҳон хоҳӣ ёфт».
28. Гуфт: «Ин аст паймон миёни ману ту. Ҳар як аз ду муддатро, ки сипарӣ созам, бар ман ситаме нахоҳад рафт ва Худо бар он чӣ мегӯем, вакил аст».
29. Чун Мӯсо муддатро ба сар овард ва бо занаш равон шуд, аз сӯи Тур оташе дид. Ба аҳли худ гуфт: «Ин ҷо истед. Оташе дидам. Шояд аз он хабаре ё пораи оташе биёварам, то гарм шавед».
30.Чун назди оташ омад, аз канораи рости водӣ, дар он сарзамини муборак, аз он дарахт нидо дода шуд, ки эй Мӯсо, албатта, ман Худои барҳақу Парвардигори ҷаҳониёнам.
31. Асоятро бияндоз! Чун дидаш, ки монанди море меҷунбад, гурезон бозгашт ва ба ақиб нанигарист. «Эй Мӯсо, пеш ой ва матарс. ҳаройна,Ту дар амон ҳастӣ.
32. Дасти худ ба гиребон бибар, то сафед берун ояд, бе ҳеҷ осебе. Ва то аз ваҳшат биоромӣ, дасти худ дар бағал кун. Ин ду (асо ва яди байзо) аз ҷониби Парвардигорат ҳуҷҷатҳои ту барои Фиръавн ва атрофиёни ӯст, ки онон мардуме саркашанд».
33. Гуфт: «Эй Парвардигорам, ман яке аз онҳоро куштаам ва метарсам маро бикушанд.
34. Ва бародарам Ҳорун ба забон аз ман фасеҳтар аст. ӯро ба мадади ман бифирист, то маро тасдиқ кунад, ҳаройна, бими он дорам, ки дурӯғгӯям мешуморанд».
35. Гуфт: «Туро бо бародарат қавидаст хоҳем кард ва бароятон ҳуҷҷате қарор медиҳем. Ба сабаби нишонаҳое, ки шуморо додаем, ба шумо даст нахоҳанд ёфт. Шумо ва пайравонатон пирӯз хоҳед буд».
36. Чун Мӯсо оёти равшани Моро наздашон овард, гуфтанд: « Ин ҷодуест бархоста, мо аз ниёгонамон чунин чизҳое нашунидаем».
37. Ва Мӯсо гуфт: «Парвардигори ман ба он касе, ки аз ҷониби ӯ ба ҳидоят омадааст ва оқибати писандида дар он сарой аз они ӯст, огоҳтар аст. Албатта, ситамкорон растагор (наҷотёфта) намешаванд!»
38. Фиръавн гуфт: «Эй ҷамоъат, ман барои шумо худое ҷуз худ намешиносам. Эй Ҳомон, барои ман хишт бипаз ва баланд манорае бисоз, шояд худои Мӯсоро бубинам, ҳаройна, ман дурӯғгӯяш мепиндорам».
39. ӯ (Фиръавн) ва лашкарҳояш ба ноҳақ дар замин саркашӣ карданд ва пиндоштанд, ки онҳо ба назди мо бозгардонида намешаванд.
40. Пас, ӯ ва лашкарҳояшро гирифтем ва ба баҳр афкандем. Бингар, ки оқибати кори ситамкорон чӣ гуна буд.
41. Ва ононро аз он гуна пешвоёне сохтем, ки мардумро ба оташ (оташи ҷаҳаннам) даъват мекунанд ва дар рӯзи қиёмат касе ёриашон намекунад.
42. Дар ин дунё аз паяшон лаънат равона сохтем ва дар рӯзи қиёмат аз зиштрӯёнанд.
43. Пас, аз он, ки мардуми рӯзгори пешинро ҳалок сохтем, ба Мӯсо китоб додем, то мардумро ибрату ҳидоят ва раҳмат бошад. Шояд панд гиранд.
44. Он гоҳ ки ба Мӯсо фармони амри пайғамбариро ваҳй кардем, ту на дар ҷониби ғарбии (кӯҳи Тур) будӣ ва на аз ҳозирон.
45. Вале Мо аз он пас наслҳоеро биёфаридем, ки умрашон ба дарозо кашид. Ва ту дар миёни мардуми Мадян муқим набудӣ, ки оёти Моро бар онҳо бихонӣ. Вале Мо будем, ки паёмбароне мефиристодем.
46. Ту дар канори Тур набудӣ, он гоҳ ки Мӯсоро нидо дардодем. Вале ин раҳматест аз ҷониби Парвардигорат, то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштанд, бим диҳӣ. Бошад, ки онҳо пандпазир шаванд.
47. Ва чун ба сабаби аъмоле, ки кардаанд, мусибате ба онҳо расад, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, чаро паёмбаре бар мо нафиристодӣ, то аз оёти Ту пайравӣ кунем ва аз мӯъминон бошем?»
48. Чун паёмбари ростгӯй аз ҷониби Мо бар онон мабъус шуд, гуфтанд: «Чаро он чӣ ба Мӯсо дода шуда, ба ӯ дода нашуда?» Оё инҳо пеш аз ин ба он чӣ ба Мӯсо дода шуда буд, кофир нашуда буданд? Ва гуфтанд, ки ин ҳарду, ду ҷодуст пуштибони ҳам ва мо ба ҳеҷ як имон намеоварем.
49. Бигӯ: «Агар рост мегӯед, аз ҷониби Худованд китобе биёваред, ки аз ин ду3 беҳтар роҳ бинамояд, то ман ҳам аз он пайравӣ кунам!»
50. Пас, агар иҷобатат накарданд, бидон, ки аз пайи ҳавои нафси хеш мераванд ва кист гумроҳтар аз он кас, ки бе он, ки раҳнамоӣ аз Худо хоҳад, аз пайи ҳавои нафси худ равад? ҳаройна, Худо мардуми ситамкорро ҳидоят намекунад.
51. Барояшон сухан дар сухан пайвастем (яъне, пай дар пай оёти қуръонро нозил кардем), бошад, ки пандпазир гарданд.
52. Касоне, ки пеш аз ин китоб (қуръон) китобашон дода будем, ба он имон меоваранд.
53. Ва чун бар онҳо тиловат шуд гуфтанд: «Ба он имон овардем. Ҳаққест аз ҷониби Парвардигори мо ва мо пеш аз он таслим будаем».
54. Онҳо ба сабаби сабре, ки кардаанд, ду бор подош дода шаванд. Инҳо бадиро ба некӣ дур мекунанд ва низ аз он чӣ рӯзиашон додаем, садақа мекунанд.
55. Ва чун сухани беҳудае бишнаванд, аз он рӯйгардонӣ мекунанд ва мегӯянд: «Кирдорҳои мо аз они мо ва кирдорҳои шумо аз они шумо. Ба саломат бимонед. Мо хостори ҷоҳилон нестем!»
56. ҳаройна, Ту ҳар касро, ки бихоҳӣ, ҳидоят намекунӣ. Худост, ки ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва ӯ ҳидоятёфтагонро беҳтар мешиносад.
57. Гуфтанд: «Агар аз дини ту пайравӣ кунем, моро аз сарзаминамон бармекананд». Оё онҳоро дар ҳараме амн ҷой надодаем, ки ҳама гуна меваҳо дар он фароҳам мешавад ва ин ризқест аз ҷониби Мо? Вале бештаринашон намедонанд.
58. Чӣ басо мардуми шаҳреро ҳалок сохтем, ки аз зиндагии хеш дучори сармастӣ шуда буданд ва ин хонаҳои онҳост, ки баъд аз онҳо, андак замоне кас дар онҳо сукно (маскан) гирифт ва Мо вориси онҳо будем.
59. Парвардигори ту мардуми шаҳрҳоро ҳалок накард, то он гоҳ, ки аз худашон паёмбаре бар онҳо фиристод ва ӯ оёти Моро бар онҳо бихонд. Ва мо шаҳрҳоро нобуд накардаем, магар он, ки мардумаш ситамкор будаанд.
60. Чизҳое, ки ба шумо дода шудааст, бархурдорӣ ва ороиши ин зиндагии дунявист. Ҳол он ки он чӣ назди Худост, беҳтару монданитар аст. Чаро дарнамеёбед?
61. Оё он кас, ки ӯро ваъдаҳои нек додаем ва он ваъдаҳоро хоҳад дид, ва монанди касест, ки ӯро аз моли инҷаҳонӣ баҳраманд кардаем ва дар рӯзи қиёмат ҳам бозхосташ фаро мехонем?
62. Ва рӯзе, ки ононро нидо медиҳад ва мегӯяд: «Шариконеро, ки барои Ман мепиндоштаед, куҷоянд?»
63. Онон, ки ҳукм дар бораашон таҳқиқ шуда мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, инҳо касоне, ҳастанд, ки мо гумроҳашон кардем. Аз он рӯ гумроҳашон кардем, ки худ гумроҳ будем. Аз онҳо безорӣ меҷӯем ва ба ту мегаравем. Инҳо моро намепарастидаанд».
64. Ва гуфта шавад: «Акнун шариконатонро фарёд кунед». Садо мекунанд, вале ба онҳо посух намедиҳанд. Ва чун азобро бубинанд, орзу мекунанд, ки кош аз ҳидоятёфтагон мебуданд.
65. Ва рӯзе, ки Худо нидояшон кунад ва гӯяд: «Паёмбаронро чӣ гуна қабул кардед?»
66. Дар ин рӯз хабарҳо бар онҳо пӯшида шавад ва аз якдигар низ натавонанд пурсид.
67. Аммо он кас, ки тавба карда ва имон оварда ва амали солеҳ ба ҷой оварда, шояд ки аз растагорон бошад.
68. Парвардигори ту ҳар чиро, ки бихоҳад, меофаринад ва ихтиёр мекунад. Вале онҳоро тавони ихтиёр нест. Пок аст Худо ва аз ҳар чӣ барояш шарик месозанд, бартар аст.
69. Ва Парвардигори ту ҳар чиро, ки дар дил пинҳон доштаанд ё ошкор кардаанд, медонад.
70. ӯст Худои якто. Ҳеҷ Худое барҳақ ғайри ӯ нест. Ситоиш хоси ӯст, чи дар ин ҷаҳон ва чи дар ҷаҳони дигар. Ва фармон, фармони ӯст. Ва ҳамагон ба ӯ бозгардонда мешавед.
71. Бигӯ: «Чӣ тасаввур мекунед, агар Аллоҳ шабатонро то рӯзи қиёмат тӯлонӣ созад? Ҷуз ӯ кадом худост, ки шуморо равшанӣ арзонӣ дорад? Магар намешунавед?»
72. Бигӯ: «Чӣ тасаввур мекунед, агар Аллоҳ рӯзатонро то рӯзи қиёмат тӯлонӣ созад? Ҷуз ӯ кадом худост, ки шуморо шаб арзонӣ дорад, ки дар он биёсоед? Магар намебинед?
73. Ва аз раҳмати ӯ он ки барои шумо шабу рӯзро падид овард, то дар он (шаб) биёсоед ва дар ин (рӯз) ба талаби рӯзӣ бархезед, бошад, шукр гӯед».
74. Ва рӯзе, ки Худо нидояшон диҳад ва гӯяд: «Шариконе, ки барои Ман тасаввур мекардед, куҷоянд?”
75. Ва аз ҳар миллате шоҳиде биёварем ва гӯем: «Далели хеш биёваред. Он гоҳ бидонанд, ки ҳақ аз они Аллоҳ аст ва онҳоеро (бутон), ки ба дурӯғ худо мехонанд, нобуд шаванд».
76.ҳаройна, Қорун аз қавми Мӯсо буд, ки бар онҳо афзунӣ ҷуст. Ва ба ӯ чунон ганҷҳое додем, ки бе шак, ҳамли калидҳояш бар гурӯҳе аз мардуми нерӯманд душвор менамуд. Он гоҳ, ки қавмаш ба ӯ гуфтанд: «Сармаст мабош, зеро Худо сармастонро дӯст надорад.
77. Дар он чӣ Худоят арзонӣ дошта, сарои охиратро биҷӯй ва баҳраи хешро аз дунё фаромӯш макун. Ва ҳамчунон ки Худо ба ту некӣ карда, некӣ кун ва дар замин аз пайи фасод марав, ки ҳаройна, Худо фасодкунандагонро дӯст надорад!»
78. Гуфт: «Он чӣ ба ман дода шуда, ба сабаби дониши ман будааст». Оё надонистааст, ки ба таҳқиқ, Худо пеш аз ӯ наслҳоеро ҳалок карда, ки қувваташон аз ӯ афзунтар ва шумораашон бештар будааст? Ва ин гунаҳкоронро (ки гуноҳашон муайян аст), аз гуноҳашон намепурсанд (зеро ҳоҷати пурсиш нест).
79. Ороста ба зеварҳои худ (қорун) ба миёни мардумаш омад. Онҳо, ки хостори зиндагии дунявӣ буданд, гуфтанд: «Эй кош, он чӣ ки ба Қорун дода шуда, моро низ мебуд, ки ӯ сахт бархурдор аст».
80. Аммо донишёфтагон гуфтанд: «Вой бар шумо. Барои онҳо, ки имон меоваранд ва корҳои шоиста мекунанд, савоби Худо беҳтар аст. Ва ба ин савоб сабркунандагон расанд».
81. Пас, ӯ (қорун) ва хонаашро дар замин фурӯ бурдем ва дар баробари Худо ҳеҷ гурӯҳе надошт, ки ёриаш кунад ва худ ёрӣ кардани хеш наметавонист.
82. Рӯзи дигар он касон, ки дирӯз орзу мекарданд, ки ба ҷои ӯ мебуданд, мегуфтанд: «Аҷабо, ки Худо рӯзии ҳар касро, ки хоҳад фаровон кунад ё танг созад. Агар Худо ба мо низ неъмати фаровон дода буд, моро низ дар замин фурӯ мебурд. Аҷабо, намебинӣ, ки кофирон наҷот намеёбанд?»
83. Ин сарои охиратро аз они касоне сохтаем, ки дар ин ҷаҳон на хоҳони бартариҷӯӣ ҳастанд ва на хоҳони фасод. Ва саранҷоми нек аз они парҳезгорон аст?
84. Ҳар кас, ки кори неке ба ҷой орад, беҳтар аз онро подош меёбад ва ҳар кӣ гуноҳе кунад, пас аз онон, ки муртакиби гуноҳ мешаванд, ҷуз ба андозаи амалашон ҷазо дода намешаванд.
85.Он кас, ки (таблиғи) Қуръонро бар ту фарз кардааст, туро ба ваъдагоҳат4 бозгардонад. Бигӯ: « Парвардигори ман беҳтар медонад, ки чӣ касе бар роҳи рост ва чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст».
86. Агар раҳмати Парвардигорат набуд, умеди онро надоштӣ, ки ин китоб бар ту дода шавад (вале раҳмати Парвардигорат чунин иҷоб кард ва хост бо ирсоли қуръон барои паёмбари охирзамон, ин масъулияти вазнинро ба ту супорад). Пас, ҳаргиз, набояд пуштибони кофирон бошӣ (ва ёвару ҳамдасти онҳо шавӣ)!
87. Пас, аз он, ки оёти Худо бар ту нозил шуд, туро аз он бероҳа накунанд. Мардумро ба сӯи Парвардигорат бихон ва ҳаргиз, аз мушрикон мабош.
88. Бо Худои якто худои дигареро махон. Ҳеҷ Худое барҳақ, ҷуз ӯ нест. Ҳар чизе нобуд шуданӣ ҳаст, ғайри зоти ӯ. Фармон, фармони ӯст ва ҳама ба сӯйи ӯ бозгардонида шавед (ва ҳисобу китоби гуфтору кирдоратонро бозрасӣ мекунад ва дар миёнатон одилона доварӣ хоҳад кард!