Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Ситоиш аз они Худоест, ки ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, аз они ӯст. Ва дар он ҷаҳон низ ситоиш аз они ӯст ва ӯ ҳакиму огоҳ аст!
2.Ҳар чиро, ки дар замин фурӯ шавад ва ҳар чиро, ки аз замин берун ояд ва ҳар чиро, ки аз осмон фуруд ояд ва ҳар чиро, ки бар осмон боло равад, медонад. Ва ӯ меҳрубону омурзанда аст!
3.Кофирон гуфтанд: «Моро қиёмат нахоҳад омад!» Бигӯ: «Чаро, савганд ба Парвардигорам, ки донандаи илми ғайб аст, албатта, (қиёмат) шуморо хоҳад омад, ҳеҷ чиз аз назари Худо, ғоиб нест, агар чи ба қадри заррае бошад, дар осмонҳову замин, ҳатто он чи ки хурдтар аз зарра ё бузургтар аз он бошад, ҳама дар китоби мубин2 омадааст»,
4. то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, подош диҳад. Барои онҳост омурзиш ва ризқи некӯ.
5. Ва онон, ки ба оёти Мо дарафтоданд, то Моро ба нотавонӣ оранд, барояшон азобест сахт дардовар.
6.Онон, ки аз дониш баҳрамандӣ ёфтаанд, медонанд, ки он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ҳақ аст ва ба роҳи Худои пирӯзманди сутуданӣ роҳ менамояд.
7.Кофирон гуфтанд: (ба якдигар масхаракунон)«Оё мехоҳед ба марде далолататон кунем, ки шуморо хабар медиҳад»: «Он гоҳ ки пора-пора шавед ва рез-рез (узвҳоятон аз якдигар ҷудо шуда хок шаванд), албатта, аз нав офарида, хоҳед шуд?
8.Оё бар Худо дурӯғ мебандад, ё девонааст»? На, онон, ки ба охират имон надоранд, дар азобанд ва сахт аз роҳ дуранд.
9.Оё ба пеши рӯй ё пушти сари худ аз осмонҳову замин наменигаранд? Агар бихоҳем, онҳоро дар замин фурӯ мебарем ё қитъае аз осмонро бар сарашон меафканем. Албатта, дар ин барои ҳар бандае, ки ба Худо бозмегардад, ибратест.
10. Ва дар ҳақиқат, Довудро аз сӯи худ фазилате додем, ки эй кӯҳҳо ва эй паррандагон, бо ӯ (дар тасбеҳ гуфтан ва тақдис) ҳамовоз шавед. Ва оҳанро барояш нарм кардем.
11. ки зиреҳҳои (ҷавшан, либосҳои ҷангӣ, даръ) баланд бисоз ва дар бофтани зиреҳ андозаҳоро нигаҳ дор. Ва корҳои шоиста кунед, ки албатта, Ман ба корҳоятон биноам!
12. Ва бодро роми Сулаймон кардем. Бомдодон якмоҳа роҳ мерафт ва шабонгоҳ якмоҳа роҳ. Ва чашмаи мисро барояш ҷорӣ сохтем ва гурӯҳе аз девҳо ба фармони Мо назди ӯ кор мекардан ва агар яке аз онҳо аз фармони Мо сар мепечид, ба ӯ азоби оташи сӯзонро мечашонидем.
13. Барои вай ҳар чӣ мехост, аз биноҳои баланд ва суратҳо ва косаҳое чун ҳавз ва дегҳои маҳками бар ҷой, месохтанд. Эй хонадони Довуд, барои сипосгузорӣ коре кунед ва андаке аз бандагони ман сипосгузоранд.
14. Чун маргро бар ӯ муқаррар кардем, девҳоро бар маргаш на- огоҳонид, магар кирми чубхорае, ки асояшро (наздики як сол ) мехоид. Пас, вақте ки ӯ (Сулаймон) биафтид, девҳо фаҳмиданд, ки агар илми ғайбро медонистанд, дар азоби хоркунанда намемонданд.
15.Мардуми Саборо дар истиқоматгоҳашон ибрате буд: ду боғ доштанд, яке аз ҷониби рост ва яке аз ҷониби чап. Аз он чӣ Парвардигоратон ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва шукри ӯ ба ҷой оваред. Шаҳре хушу покиза ва Парвардигоре омурзанда!
16. Рӯй гардонданд. Мо низ сели вайронгарро бар онҳо фиристодем ва ду боғашонро ба ду боғ бадал кардем, бо мевае талх ва шӯраг ва андаке сидр (номи дарахт).
17. Онҳоро, ки носипос буданд, инчунин ҷазо додем. Оё Мо ҷуз носипосонро ҷазо медиҳем?
18. Миёни онон аз қарияҳое (деҳаҳое), ки баракат дода будем, шаҳрҳое ободон ва бар сари роҳ падид овардем. Ва манзилҳои баробар муъайян кардем. «Дар он роҳҳо боамну осоиштагӣ шабҳову рӯзҳо сафар кунед!»
19. Бар хештан ситам карданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, манзилгоҳҳои моро аз ҳам дур гардон!» Мо низ афсонаи рӯзгорашон гардонидем ва сахт парокандаашон сохтем ва дар ин ибратҳост барои сабркунандагони сипосгузор!
20. Шайтон гумони худро дар бораи онҳо дуруст ёфт. Ва ҷуз гурӯҳе аз мӯъминон дигарон аз ӯ пайравӣ карданд.
21. Ва шайтонро бар онон ғолибияте набуд, магар он ки мехостем маълум дорем, ки чӣ касоне ба қиёмат имон доранд ва чӣ касоне аз он дар шак ҳастанд. Ва Парвардигори ту нигаҳбони ҳар чизест!
22. Бигӯ: «Бихонед касонеро, ки ҷуз Худои якто Худо мепиндоред!» Молики заррае, дар осмонҳову замин нестанд ва дар офариниши он ду ширкате надоштаанд ва Худоро дар офариниш ёрӣ накардаанд.
23.Шафоъат назди Худо суд накунад, магар дар бораи касе, ки ӯ худ иҷозат диҳад. Ва чун тарс аз дилҳояшон биравад, гӯянд: «Парвардигоратон чӣ гуфт?» Гӯянд: «Сухани ҳақ гуфт. Ва ӯ баландмартабаву бузург аст!»
24.Бигӯ: «Аз осмонҳову замин чӣ касе, ба шумо рӯзӣ медиҳад?» Бигӯ: «Худои якто». Дар ҳақиқат ё мо (паёмбар ва мӯъминон) ё шумо (мушрикон) дар роҳи ҳидоят ҳастем ё дар гумроҳии ошкор.
25.Бигӯ: «Агар мо гуноҳе кунем, шуморо бозхост намекунанд ва агар шумо гуноҳе, кардед, моро бозхост нахоҳанд кард».
26.Бигӯ: «Парвардигори мо мову шуморо гирд меоварад, сипас миёни мо ба ҳақ доварӣ мекунад. Зеро ӯст ҳукмкунандаву доно!»
27.Бигӯ: «Онҳоеро, ки шарики Худо пиндоштед, ба ман нишон бидиҳед! Ҳаргиз, ӯст Худои пирӯзманду ҳаким!»
28.Туро ба паёмбарӣ фиристодем, бар ҳамаи мардум: муждадиҳандаву бимдиҳанда. Вале бештари мардум намедонанд.
29.Ва мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда (қиёмат) чӣ вақт фаро мерасад?»
30.Бигӯ: «Он рӯз, ки меъоди (ваъдагоҳи) шумост, на соате таъхир кунед ва на соате пеш афтед».
31.Ва кофирон гуфтанд: «Мо, ҳаргиз, на ба ин Қуръон имон меоварем ва на ба китобҳои пеш аз он!» Агар бубинӣ он рӯз, ки ситамкоронро ба пешгоҳи Парвардигорашон нигоҳ доранд, ҳар кас гуноҳи худ ба гардани дигаре андозад. Забуншудагон (хоршудагон) ба қудратмандон гӯянд: «Агар шумо набудед, мо имон оварда будем».
32. Қудратмандон ба забуншудагон гӯянд: «Оё аз он пас, ки шуморо ба роҳи ҳидоят фаро хонданд, мо шуморо боздоштем? На, шумо худ гунаҳкор будед!»
33. Забуншудагон ба қудратмандон гӯянд: «На, шумо шабу рӯз ҳила мекардед, он гоҳ ки моро фармон медодед, ки ба Худои барҳақ кофир шавем ва барои ӯ шариконе қарор диҳем!» Ва чун азобро бубинанд, дар дил пушаймонӣ кунанд. Ва Мо ғулҳоро (тавқҳои азобро) бар гардани кофирон бигузорем. Оё на чунин аст, ки дар баробари аъмолашон ҷазо дода мешаванд?
34. Мо ҳеҷ бимдиҳандае ба деҳае нафиристодем, ҷуз он ки тавонгарони бо айшу ишраташ гуфтанд: «Мо ба он чӣ шуморо ба он фиристодаанд, имон намеоварем».
35. Ва гуфтанд: «Амволу авлоди мо аз ҳама бештар аст ва касе моро азоб накунад».
36. Бигӯ: «Парвардигори ман аст, ки рӯзии ҳар касро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ва бар ҳар кӣ бихоҳад, танг мегирад. Вале бештари мардум намедонанд».
37. Амволу авлодатон чизе нест, ки шуморо ба Мо наздик созад. Магар онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки подоши инҳо ба сабаби аъмолашон ду баробар аст ва эмин дар ғурфаҳои биҳишт ҳастанд.
38. онон, ки ба оёти Мо метозанд ва мепиндоранд, ки аз Мо мегурезанд, дар азоб ҳозир карда мешаванд.
39. Бигӯ: «Парвардигори ман аст, ки рӯзии ҳар кӣ аз бандагонашро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ё ӯро ба тангӣ меафканад». Ва агар чизе садақа кунед, ивазашро хоҳад дод ва ӯ беҳтарини рӯзидиҳандагон аст!
40.Рӯзе, ки ҳамаро гирд оварад (Худованд), он гоҳ малоикаро гӯяд: «Оё инҳо буданд, ки шуморо мепарастиданд?
41.Мегӯянд: «Ту покӣ. Ту валии мо ҳастӣ, на онҳо. Инҳо ҷинҳоро мепарастиданд ва бештаринашон ба онҳо имон доштанд».
42.Он рӯз ба якдигар ҳеҷ суду зиёне натавонед расонд. Ва ба ситамкорон гӯем: «Бичашед азоби оташро, ки дурӯғаш мепиндоштед!»
43.Чун оёти равшани Мо бар онон хонда шуд, гуфтанд: «ин мардест, ки мехоҳад шуморо аз он чӣ падаронатон мепарастиданд, боздорад». Ва гуфтанд: «Ин ҷуз дурӯғе ба ҳам бофта чизи дигаре нест!» Ва касоне, ки ба Худо кофир шуда буданд, чун сухани ҳақ бар онҳо нозил шуд, гуфтанд: «Ин чизе ҷуз ҷодуе ошкор нест!»
44.Пеш аз ин китобҳое, ки онро бихонанд, ба онҳо (мушрикони араб) надодаем ва пеш аз ту бимдиҳандае бар онҳо нафиристодаем.
45.Ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, паёмбаронро дурӯғгӯ хонданд ва инҳо худ ба даҳяки он чӣ ба онҳо дода будем, нарасидаанд ва бо ин ҳол паёмбарони Маро дурӯғгӯ шумориданд. Пас, уқубати Ман чӣ сахт буд!
46. Бигӯ: «Ба таҳқиқ, шуморо дар як чиз панд медиҳам: ду-ду ва як-як барои (ибодати) Худо бархезед. Сипас бияндешед, то бидонед, ки дар ёри шумо3 девонагие нест.ӯст, ки шуморо пеш аз омадани азобе шадид, метарсонад!»
47.Бигӯ: «Ҳар музде, ки аз шумо талабидаам, аз они худатон бод. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Худост. ӯст, ки бар ҳар коре нозир аст!»
48.Бигӯ: «ҳаройна, Парвардигори ман илҳомбахши сухани ҳақ аст. Донои ғайбҳост!»
49.Бигӯ: «Ҳақ (Қуръон) омад ва ботил бознаёяд (дар партави нури ҳақ асаре аз он намонад ва нобуд шавад) ва ёрои бозгаштанаш нест!»
50.Бигӯ (ба мушрикони бутпараст): «Агар ман (бо тарки бутҳо ва дурӣ аз ойини шумо) гумроҳ шавам, албатта, зиёнаш бар ман аст (ва ҷазои онро мебинам) ва агар бо роҳи ҳидоят равам, ба он аст, ки Парвардигори ман ба ман ваҳй мекунад. ҳаройна, ӯ шунавову наздик аст (ва гуфтору кирдори мо бар ӯ пинҳон намемонад)!»
51.Агар бубинӣ (ҳоли ситамкоронро), он гоҳ, ки сахт битарсанд ва раҳоияшон набошад (аз азоби алим) ва аз маконе наздик гирифторашон созад.
52.(Ба ҳангоми гирифтор шудан дар чанголи муҷозоти илоҳӣ) гӯянд: «Инак, имон овардем (ба Худо, паёмбар ва қуръон). Аммо аз он ҷои дур (аз дунёи фонӣ, ки ҷойи пазириши имон ва киштзори охират буд) чӣ сон ба он (имон) даст ёбанд?.
53.Пеш аз ин (дар замони ҳаёт, ки аз ақлу ихтиёр ва ирода бар- хӯрдор буданд) кофир шуда буданд (ба Худо, паёмбар ва қуръон) ва ба гумони хеш (ба он) тӯҳмат мезаданд.
54.Миёни онҳо ва он орзу, ки доранд (ки пазириши имони онҳо ва наҷот аз азоб аст), ҷудоӣ афтод. Ҳамчунон ки бо дигарон, ки чунин меандешиданд ва сахт дар шубҳа буданд, низ чунин шуд. ҳаройна, онҳо сахт дар шубҳа буданд (ва зиндагиро пайваста бо гумони ботил ба сар бурданд).