35 СУРАИ ФОТИР Офаринанда

Назад

35 Сураи ФОТИР (офаринанда)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Ситоиш аз они Худованд аст, офаринандаи осмонҳову замин, он ки фариштагонро расулон гардонид. Фариштагоне, ки  болҳое доранд,  ду-ду ва се-се  ва чаҳор-чаҳор. Дар офариниш ҳар чӣ бихоҳад (фариштагон, одамон ва дигар махлуқоти ҷаҳон) меафзояд, ҳаройна, Худо ба ҳар коре тавоност!

2. Раҳмате, ки Худо бар мардум бикушояд, касе натавонад, ки бозаш дорад. Ва чун чизеро дареғ дорад, кас натавонад, ки ҷуз ӯ,  равонаш дорад. Ва ӯст пирӯзманду ҳаким (аз ин рӯ на дар коре оҷиз мемонад ва на кореро бидуни ҳикмат анҷом медиҳад)!

3. Эй мардум, неъматеро, ки Худо бар шумо арзонӣ додааст (бо ба ҷой овардани шукр ва адои ҳаққи он), ёд кунед (ва сифла ва носипос набошед ва аз канори ин ҳама неъматҳо ва имконоту баракоти ҳаёт бепарво нагузаред, балки аз худ бипурсед). Оё ҷуз Худо офаринандаи дигаре ҳаст, ки шуморо аз осмону замин рӯзӣ диҳад? (не, асло не). Худое барҳақ, ҷуз ӯ нест, пас чӣ гуна аз ҳақ бероҳаатон мекунад?

4. Агар туро дурӯғгӯ шумориданд, паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту будаанд, дурӯғгӯ бароварданд ва ҳамаи корҳо ба Худо бозгардонда шавад.

5. Эй мардум, ваъдаи Худо ҳақ аст. Зиндагии дунё шуморо нафиребад ва он шайтони фиребанда ба Худо мағруратон нагардонад.

6. Шайтон, ба таҳқиқ, душмани шумост. ӯро душман  гиред. Албатта, ӯ фармонбарони хешро даъват мекунад, то ҳама аз дӯзахиён бошанд.

7.Ва кофиронро азобест сахт ва барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, омурзиш ва савоби бузургест.

8. Оё он ки кирдори бадаш дар назараш ороста шуда, чунон ки некӯяш пиндошт, монанди касест, ки чунин нест? Пас, Худо, ба таҳқиқ,  ҳар киро хоҳад гумроҳ мекунад ва ҳар киро хоҳад, ҳидоят мекунад. Набояд, ки ҷони ту ба хотири онҳо дучори андӯҳ шавад. Албатта, Худо ба корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст.

9. Худост, ки бодҳоро фиристод, то абрҳоро барангезанд. Ва Мо онҳоро ба сарзаминҳои мурда меронем ва замини мурдаро бо он зинда мекунем. Зинда гаштан дар  рӯзи қиёмат низ чунин аст.

10. Ҳар кӣ хоҳони иззат аст, бидонад, ки иззат ҳамагӣ аз они Худост. Сухани хушу пок ба сӯи ӯ боло меравад ва кирдори нек аст,  ки онро боло мебарад. Ва барои онон, ки аз рӯи макр ба фасодкорӣ мепардозанд, азобест сахт ва макрашон низ аз миён биравад.

11. Худо шуморо аз хок ва сипас аз нутфа биёфарид. Он гоҳ ҷуфтҳои якдигаратон қарор дод. Ҳеҷ зане ҳомила намешавад ва намезояд, магар  ба илми ӯ. Ва умри ҳеҷ солхӯрдае ба дарозо накашад  ва аз умри касе кам нагардад, ҷуз он ки ҳама дар китобе навишта шудааст. Ва бе шак, ин корҳо  бар Худо осон аст!

12.   Ин ду баҳр яксон нестанд яке  обаш ширину гуворост ва яке шӯру талх. Аз ҳарду гӯшти тоза мехӯред (моҳӣ) ва аз онҳо чизҳое барои ороиши тани хеш берун мекашед (дурру марҷон) ва мебинӣ киштиҳоро (дар чаҳорчубаи қонуни вазни махсуси ашё), ки обро  мешикофанд, то шумо аз фазли Худо рӯзӣ талабед ва бошад, ки сипосгузор бошед!

13. Аз шаб кам мекунаду ба рӯз меафзояд ва аз рӯз кам мекунаду ба шаб меафзояд ва офтобу моҳро ром мекунад (барои суди инсонҳо ба чархиш андохтааст). Ҳар як то замоне муъайян дар ҳаракатанд. Ин  аст Худо, Парвардигори шумо. Фармонравоӣ аз они ӯст. Чизҳоеро, ки ғайри ӯ ба худоӣ мехонед, молики пӯсти миёни донаи хурмое ҳам нестанд.

14. Ва агар онҳоро бихонед, садоятонро намешунаванд ва агар бишнаванд, посухатон намегӯянд ва дар рӯзи қиёмат ширк оварданатонро инкор мекунанд ва кас монанди Худои  огоҳ хабардорат насозад!

15. Эй мардум,  ҳамаи шумо ба Худо мӯҳтоҷед. ӯст бениёзу сутуданӣ.

16. Агар бихоҳад, шуморо аз миён мебарад ва мардуми дигареро меоварад (ҷойгузини шумо месозад).

17. Ва ин кор бар Худо душвор нест.

18. Ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро бар дӯш накашад. Ва агар гаронборе касеро бар бардоштани бори худ садо кунад, ҳарчанд хешованди ӯ бошад, аз бардоштани (бори гуноҳи) ӯ рӯй гардонад. ҳаройна, ту фақат касонеро метарсонӣ, ки аз Парвардигорашонро нодида бимноканд ва намоз мегузоранд. Ҳар кӣ  пок шавад, албатта, барои худ пок шуда. Ва бозгашти ҳама ба сӯи Худост!

19. Нобинову бино баробар нестанд.

20. ва торикиву равшанӣ.

21. ва на сояву ҳарорати офтоб.

22. Ва зиндагону мурдагон баробар нестанд. Албатта, Худо ҳар киро хоҳад, мешунавонад. Ва ту наметавонӣ сухани худро ба мурдагоне, ки дар гӯр хуфтаанд, бишунавонӣ.

23. Ту ҷуз бимдиҳандае нестӣ.

24. ҳаройна, Мо туро ба ҳақ ба пайғамбарӣ фиристодем, то мужда диҳӣ ва бим диҳӣ ва ҳеҷ миллате нест, магар  ки  дар миёнашон бимдиҳандае будааст!

25. Агар туро дурӯғгӯ шуморанд, касоне ҳам, ки пеш аз онон будаанд, пайёмбаронашонро, ки бо мӯъҷизот  ва бо навиштаҳо ва китоби равшаноибахш ба миёнашон омада буданд, дурӯғгӯ баровардаанд.

26.  Сипас онҳоеро, ки куфр меварзиданд, фурӯ гирифтанд (ба сабаби гуноҳояшон ). Уқубати Ман чӣ гуна буд?

27. Оё надидаӣ, ки Худо, ба таҳқиқ, аз осмон борон фиристод ва ба он  меваҳои гуногун рӯйёнидем? Ва аз кӯҳҳо роҳҳо падид овардем: сафед ва сурх ва рангоранг ва ба ғоят сиёҳ.

28. Ҳамчунин аз мардум ва ҷунбандагон (ҷонварон) ва чаҳорпоёни гуногун. Албатта,  аз миёни бандагони Худо танҳо донишмандон аз ӯ метарсанд. Ва ҳаройна, Худо пирӯзманду омурзанда аст!

29. Ба таҳқиқ, онон, ки китоби Худоро (қуръонро) мехонанд ва намоз мегузоранд ва аз он чӣ ба онҳо додаем, пинҳониву ошкоро садақа мекунанд, умедвор ба тиҷорате ҳастанд, ки ҳаргиз зиён намекунанд.

30. Зеро Худо мукофоташонро ба тамомӣ медиҳад ва аз фазли худ чизе бар он меафзояд. Ба таҳқиқ, Худо омурзандаву пазирандаи сипос аст!

31. Ҳар чӣ аз он китоб ба ту ваҳй кардаем, барҳақ аст, ки китобҳои пеш аз худро тасдиқ  мекунад ва албатта, Худо бар бандагонаш огоҳу биност!

32. Сипас китобро (қуръонро) ба касоне аз бандагонамон, ки баргузида будем (яъне уммати Муҳаммад), ба мерос додем. Баъзе бар худ  ситам карданд ва баъзе роҳи миёнаро баргузиданд ва баъзе бо фармони Худо  дар корҳои нек пешӣ гирифтанд. Ва ин аст бахшоише бузург!

33. Ба биҳиштҳое, ки ҷойгоҳи ҷовидонаи онҳост, дохил мешаванд. Дар он ҷо ба дастбандҳои зару марворид онҳоро меороянд ва дар он ҷо ҷомаҳояшон аз ҳарир аст.

34. Ва мегӯянд: «Сипос Худоро, ки андӯҳ аз мо дур кард, ба таҳқиқ, Парвардигори мо омурзандаву шукрпазир аст!

35. Он Худое, ки моро аз фазли хеш ба ин саройи ҷовидон даровард, ки дар он ҷо на ранҷе (ҷисмонӣ) бар мо мерасад ва на хастагӣ (рӯҳонӣ)».

36. Ва кофиронро оташи ҷаҳаннам аст, на ҳукм карда шавад бар онҳо, то бимиранд ва на азобашон кам карда шавад. Носипосонро чунин ҷазо медиҳем!

37. Ва аз даруни оташ фарёд зананд: «Эй Парвардигори мо, моро берун ор, то корҳои шоиста кунем, ғайр аз он чӣ кардем». Оё он қадар шуморо умр надода будем, ки пандгирандагон панд гиранд? Ва шуморо бимдиҳанда омад. Пас, бичашед, ки гунаҳкоронро ёваре нест!

38. Албатта, Худо донои  ниҳони осмонҳову замин аст ва ҳаройна, ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст.

39. ӯст, ки шуморо дар рӯйи замин ҷонишини пешиниён кард, пас ҳар кас, ки кофирӣ кунад, куфраш бар зиёни ӯст ва куфри кофирон дар пешгоҳи  Парвардигорашон  ҷуз  бар хашм наяфзояд. Ва ҷуз зиён чизе насиби кофирон наменамояд.

40. Бигӯ: «Он шариконеро, ки ба ҷои Худои якто мехондед, дидед? Ба ман бинамоед, ки аз замин чӣ чизро офаридаанд? Ё дар офариниши осмон чӣ шарикие доштаанд? Оё бар онҳо (мушрикон)  китобе (осмонӣ) фиристодаем, ки онро ҳуҷҷати худ (дар кори ширк ва бутпарастиашон) созанд? Балки, ситамкорон ба якдигар ҷуз фиреб ваъдае намедиҳанд».

41. Ба таҳқиқ, Худо осмонҳову заминро нигаҳ медорад, то аз ҷо беҷо нашаванд ва агар аз ҷо беҷо шаванд, ҳеҷ як аз шумо, ҷуз ӯ наметавонад онҳоро нигаҳ дорад. Албатта, Худо бурдбору омурзанда аст!

42. Ба Худо қасамҳои сахт хӯрданд (куффори Макка), ки агар бимдиҳандае биёяд, беҳтар аз ҳар уммате дигар ҳидоят ёбанд. Вале чун бимдиҳандае омад,  бадбинияшон афзуд;

43. Ба саркашӣ дар замин ва найрангҳои бад. Ва ин найрангҳои бад ҷуз найрангбозонро дарбар нагирад. Оё ҷуз суннате, ки бар гузаштагон рафтааст, мунтазирӣ чизи дигаре ҳастанд? Дар суннати Худо, ҳаргиз, табдиле  намеёбӣ ва дар суннати Худо, ҳаргиз, тағйире намебинӣ.

44. Оё дар замин намегарданд, то бубинанд, ки оқибати мардуме, ки пеш аз онҳо будаанд ва нерӯе бештар доштаанд, ба куҷо кашид? Ҳеҷ чиз дар осмонҳову замин нест, ки Худоро нотавон созад. ҳаройна,  ӯ донову тавоност!

45. Ва агар Худо бихоҳад, мардумро ба сабаби корҳое, ки кардаанд (фавран ва бидуни додани камтарин мӯҳлате барои ислоҳ шудан ва таҷдиди назару худсозӣ), бозхост кунад, ба рӯйи замин ҳеҷ ҷунбандае боқӣ нагузорад, вале (Худованд бо лутфу карами Худ ҷазои) онҳоро то замоне муъайян (рӯзи қиёмат) ба таъхир меандозад ва чун муддаташон тамом шуд2, албатта, Худо ба аъмоли бандагони хеш огоҳ аст (ва аз гуфтору кирдор ва пиндори онҳо бохабар аст, аз ин рӯ чунон ки сазовор аст подоши аъмолашонро медиҳад)!

 

Мы в социальных сетях