Ба номи Худо бахшояндаи меҳрубон!
1.Ҳо, мим.
2. Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Худои пирӯзманду ҳаким аст.
3. Албатта, дар осмонҳову замин нишонаҳои ибратест барои мӯъминон!
4.Ва дар офариниши шумо ва пароканда шудани ҷунбандагон (ҷонварон) ибратҳост барои аҳли яқин.
5. Омаду шуди шабу рӯз ва ризқе, ки Худо аз осмон мефиристад ва замини мурдаро ба он зинда мекунад ва низ дар вазиши бодҳо, ибратҳост барои оқилон.
6.Инҳо оёти Худост, ки ба ростӣ бар ту тиловат мекунем. Ҷуз Худову оёташ ба кадом сухан имон меоваранд?
7. Вой, ба ҳар дурӯғпардози гунаҳкоре!
8. Оёти Худоро, ки бар ӯ хонда мешавад, мешунавад. Он гоҳ ба гарданкашӣ пой мефишурад, чунонки гӯйи ҳеҷ нашунидааст. Пас, ба азобе дардовар башораташ деҳ.
9. Чун чизе аз оёти Моро фаро гирад, онро барои масхара фаро мегирад, инҳо сазовори азобе хоркунандаанд.
10. Пеши рӯяшон ҷаҳаннам аст. Ва моле, ки ба даст овардаанд, ва касоне, ки ғайри Худои (барҳақ) ба худоӣ гирифтаанд, ба ҳолашон суд накунад. Онҳорост азобе бузург!
11.Ин раҳнамудест. Ва онон, ки ба оёти Парвардигорашон имон намеоваранд, барояшон азобест аз (навъи) сахттарин азобҳои дардовар.
12. Худост, ки баҳрро роми шумо кард, то дар он ба фармони ӯ киштиҳо равон бошанд ва талаби маъишат кунед, то ки сипосгузор бошед!
13.Роми шумо сохт он чӣ дар осмонҳост ва он чӣ дар замин аст. Ҳама аз они ӯст. Ҳаройна, дар ин барои андешамандон ибратҳоест.
14. Ба касоне, ки имон овардаанд бигӯ: «Аз хатои касоне, ки ба рӯзҳои (муносибатҳои) Худо бовар надоранд (яъне, мӯътақид нестанд, ки ҳодисаҳо ҷазои аъмоли эшон аст) даргузаред, то Худо он мардумро ба ҷазои аъмоле, ки муртакиб шудаанд, подош диҳад.
15. Ҳар кас кори шоистае кунад, ба суди худи ӯст ва ҳар кас муртакиби кори баде шавад, ба зиёни ӯст. Сипас ҳама ба сӯи Парвардигоратон бозгардонда мешавед.
16.Мо бани Исроилро китоб ва илми довариву нубувват ато кардем ва аз чизҳои покизаву хуш рӯзиашон додем. Ва бар ҷаҳониён (асри худашон) бартариашон додем.
17.Ва онҳоро дар бораи он амр (кори нубувват ва шариъат) далелҳое равшан додем. Ва дар он аз рӯи ҳасаду кина ихтилоф накарданд, магар он гоҳ ки дониш (дар бораи ҳақиқати дин ва аҳкоми он) ёфтанд. Худо дар рӯзи қиёмат дар он чӣ ихтилоф мекарданд, доварӣ хоҳад кард.
18. Пас, туро ба роҳи зоҳир аз дин (яъне, шариъат) андохтем. Пас, аз он роҳ бирав ва аз хоҳишҳои нодонон пайравӣ макун.
19. Ҳаройна, инҳо туро ҳеҷ аз Худо бениёз намекунанд ва ҳаройна, золимон дӯстдорони якдигаранд ва Худо дӯстдори парҳезгорон аст.
20. Ин Қуръон мояи басирати мардум ва ҳидояту раҳматест барои аҳли яқин.
21.Оё онон, ки муртакиби бадиҳо мешаванд, мепиндоранд, ки дар шумори касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд қарорашон медиҳем? Ва оё зиндагиву маргашон яксон аст? Чӣ бад доварӣ мекунанд.
22.Ва Худо осмонҳову заминро барҳақ биёфарид, то ҳар касеро баробари коре, ки кардааст, подош диҳад ва ба онҳо ситам нашавад.
23. Оё он касро, ки ҳавасашро чун худои худ гирифт ва Худо бо вуҷуди огоҳии он кас (аз ҳаққу ботил) гумроҳаш кард ва бар гӯшу дилаш мӯҳр ниҳод ва бар дидагонаш парда афканд, дидаӣ? Агар Худо ҳидоят накунад, чӣ касе ӯро ҳидоят хоҳад кард? чаро панд намегиред?
24.Ва гуфтанд: «Ҷуз зиндагии дунявии мо ҳеҷ нест. Мемирему зинда мешавем ва моро ҷуз даҳр ҳалок накунад». Ононро ба он донише нест ва ҷуз дар пиндоре нестанд.
25. Ва чун оёти равшангари Мо тиловат шавад, ҳуҷҷаташон ин аст, ки мегӯянд: «Агар рост мегӯед, падарони моро зинда кунед».
26. Бигӯ: «Худост, ки шуморо зинда мекунад, пас мемиронад ва сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат, ки шакке дар он нест, гирд меоварад. Вале бештари мардум намедонанд!»
27.Аз они Худованд аст фармонравоии осмону замин. Ва он рӯз, ки қиёмат барпо шавад, аҳли ботил зиён хоҳанд кард.
28. Ҳар умматеро бубинӣ, ки ба зону даромадааст ва ҳар умматеро барои гирифтани номаи аъмолаш бихонад. Дар чунин рӯзе дар баробари аъмоле, ки кардаед, подош мебинед.
29. Ин навиштаи Мост, ки барҳақ сухан мегӯяд, ҳаройна, Мо корҳоеро, ки мекардаед, менавиштем.
30.Аммо касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, Парвардигорашон дохил дар раҳмати Хеш мекунад ва ин комёбии ошкор аст.
31. Аммо, касоне, ки кофир мешаванд (ба онҳо гуфта мешавад), магар оёти Мо бар шумо хонда намешуд ва шумо такаббур меварзидед ва мардуме гунаҳкор будед?
32. Чун гуфта мешуд, ки ҳаройна, ваъдаи Худо ҳақ аст ва дар қиёмат шакке нест, мегуфтед: «Мо намедонем қиёмат чист? Ҷуз гумоне намебарем ва ба яқин нарасидаем».
33.Аъмоли зишташон дар баробарашон ошкор шуд ва он чизе, ки масхарааш мекарданд (азоби дӯзах), гирд ба гирдашонро бигирифт.
34.(Аз сӯйи Худо) ба онҳо гуфта шавад: «Имрӯз фаромӯшатон мекунем (ва дар азоб раҳоятон месозем), ҳамчунон, ки шумо дидори чунин рӯзатонро, фаромӯш карда будед (ва Моро аз ёд бурдед ва масоил ва ҳаводиси қиёматро нодида гирифтед). Ҷойгоҳатон дар оташ аст ва шуморо ҳеҷ ёваре нест.
35. Ва ин (гирифтор шуданатон ба ин сарнавишти асафнок) ба ҷазои он аст, ки оёти Худоро ба масхара мегирифтед ва ҳаёти дунё шуморо бифирефт». Пас, имрӯз аз ин оташ касе берунашон набарад ва касе узрашонро напазирад.
36.Ситоиш аз они Худост, Парвардигори осмонҳову Парвардигори замин ва Парвардигори ҷаҳониён (ки ҷуз ӯ аҳаде шоистаи он нест, чунки ӯ холиқ ва молики ҷамеъи махлуқот ва коинот аст).
37.Бузургворӣ (шукуҳу бақову пойдориву камол) дар осмонҳову замин (дар ҳама умур) хоси ӯст ва ӯст пирӯзманду ҳаким, (ки дар сунъ ва амал соҳибтадбир аст).!