49 Сураи ҲУҶУРОТ (Ҳуҷраҳо)

Назад

49 Сураи ҲУҶУРОТ1 (ҳуҷраҳо)

 

Ба номи Худои бахшандаи меҳрубон!

1.Эй касоне, ки имон овардаед, бар Худову паёмбари ӯ пешдастӣ макунед (ҳеҷ ҳукмеро бар ҳукми Худо ва паёмбараш муқаддам масозед ва пеш аз фаҳму дарёфти дастури Худо ва расул дар бораи ҳукм сухане нагӯед ва аз худ ҳукме накунед) ва аз Худо битарсед, зеро Худо шунавову доност (ба гуфтору кирдоратон)!

2.Эй касоне, ки имон овардаед, садои худро аз садои паёмбар баландтар макунед ва ҳамчунон, ки бо якдигар баланд сухан мегӯед, бо ӯ ба овози баланд сухан магӯед, ки аъмолатон ночиз шавад ва шумо огоҳ нашавед.

3.Ҳаройна, касоне, ки дар назди  паёмбари Худо садояшонро поин меоваранд, ҳамонҳоянд, ки Худо дилҳояшонро ба тақво озмудааст. Онҳорост омурзишу музди бисёр.

4.Ҳаройна, онҳое, ки аз он сӯи ҳуҷраҳо нидоят медиҳанд, бештарашон намедонанд (ки ту чӣ мақоми волое дар даргоҳи Худо дорӣ ва бояд бо ту боэҳтиром рафтор кунанд).

5.Агар сабр мекарданд, то ту худ берун меомадӣ ва назди онҳо мерафтӣ, албатта, барояшон беҳтар мебуд ва Худо омурзандаи меҳрубон аст!

6.Эй касоне, ки имон овардед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед, мабодо аз рӯи нодонӣ ба мардуме осеб бирасонед, он гоҳ аз коре, ки кардаед, пушаймон шавед.

7.Ва бидонед, ки ҳаройна, паёмбари Худо дар миёни шумост. Агар дар бисёре аз корҳо аз шумо фармон бибарад, ба ранҷ меафтед. Вале Худо имонро маҳбуби шумо сохт ва онро дар дилатон биорост ва куфру фисқу исёнро дар назаратон макрӯҳ гардонид. Инҳо худ роҳёфтагонанд.

8.Бахшишу неъматест аз ҷониби Худо ва Худо донову ҳаким аст!

9.ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо якдигар ба ҷанг бархостанд, миёнашон оштӣ афканед. Ва агар як гурӯҳ бар дигаре даст дарозӣ кард, бо он ки дастдарозӣ кардааст, биҷангед, то ба фармони Худо бозгардад. Пас, агар бозгашт, миёнашон сулҳе одилона барқарор кунед ва адолат варзед, ки ҳаройна, Худо одилонро дӯст дорад.

10.Ҳаройна, мӯъминон бародаронанд. Миёни бародаронатон оштӣ бияфканед ва аз Худо битарсед, то ки бар шумо раҳмат орад.

11.Эй касоне, ки имон овардаед, мабод, ки гурӯҳе аз мардон гурӯҳи дигарро масхара кунад, шояд он  масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва мабод, ки гурӯҳе аз занон гурӯҳи дигарро масхара кунад, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва аз ҳам айбҷӯӣ макунед ва якдигарро ба лақабҳои зишт махонед. Бад аст унвони фисқ пас аз имон овардан. Ва касоне, ки тавба намекунанд, худ ситамкоронанд.

12.Эй касоне, ки имон овардаед,аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед. Ҳаройна, баъзе аз гумонҳо дар ҳадди гуноҳ аст. Ва дар корҳои  пинҳонии якдигар ҷосусӣ макунед ва аз якдигар ғайбат макунед. Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Пас, онро нохуш хоҳед дошт. Ва аз Худо битарсед, ҳаройна, Худо тавбапазиру меҳрубон аст!

13.Эй мардум, ҳаройна, Мо шуморо аз як марду як зан биёфаридем. Ва шуморо ҷамоъатҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишиносед. Албатта, гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост. Ҳаройна, Худо огоҳ ва бохабар аст!

14.Арабҳои бодиянишин гуфтанд: «Имон овардем!» Бигӯ: «Имон наёвардаед. Бигӯед, ки таслим шудаем ва ҳанӯз имон дар дилҳоятон дохил нашудааст. Ва агар Худову паёмбарашро итоъат кунед, аз савоби аъмоли шумо кам карда намешавад, ҳаройна, Худо омурзандаву меҳрубон аст».

15.Ҳаройна, мӯъминон касоне ҳастанд, ки ба  Худову паёмбари ӯ  имон овардаанд ва дигар шак  накардаанд ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Худо ҷиҳод карданд. Инҳо ростгӯёнанд.

16.Бигӯ: «Оё мехоҳед Худоро аз диндории худ огоҳ кунед? Ҳол он ки Худо аз ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, огоҳ аст ва ӯ ба ҳар чизе дақиқан огоҳ аст!»

17.Аз ин ки ислом овардаанд, бар ту миннат мекунанд. Бигӯ: «Ба хотири исломатон бар ман миннат магузоред, балки Худо ба он сабаб, ки шуморо ба имон роҳ намудааст, бар шумо миннат мениҳад, агар рост мегӯед!»

18.Ҳаройна, Худо ғайби осмонҳову заминро медонад ва ба ҳар коре, ки мекунед, биност!

Мы в социальных сетях