51 Сураи ЗОРИЁТ (Бодҳои хокпарокандасозанда)

Назад

51 Сураи ЗОРИЁТ (Бодҳои хокпарокандасозанда)

 

Ба номи Худои бахшояндаи Меҳрубон!

1.Савганд ба бодҳое, ки (абрҳоро бармеангезанд ва ба фармони Худованд ба ҳар сӯ ба суръат мебаранд ва) хок мепарокананд,

2.савганд ба абрҳои гаронбор (аз борон),

3.савганд ба киштиҳое, ки ба осонӣ (дар обҳои баҳру уқёнусҳо) равонанд

4.ва савганд2  ба фариштагоне, ки (бо фармони Худованд миёни худ) тақсимкунандаи корҳоянд3,

5.ки ҳаройна, он чӣ шуморо ваъда (ва бим) медиҳанд, рост аст

6.ва  ҳаройна, рӯзи ҷазо, ҳатман,  омаданист.

7.Ва савганд ба осмон, ки ороста ба ситорагон аст,

8.ки ҳаройна, шумо (дар хусуси пайғамбар) сухани гуногун мегӯед!

9.Аз ҳақ (имон) бозгардонида шавад, он ки бозгардониданашро хостаанд.

10.Марг бод бар он дурӯғгӯён,

11.онон ки ба ғафлат дар ҷаҳл фурӯ мондаанд.

12.Мепурсанд: «Рӯзи ҷазо кай хоҳад буд?»

13.Рӯзест, ки бар оташ азобашон мекунанд.

14.«Азоби худро бичашед! Ин аст он чизе, ки ба шитоб металабидед!»

15.Ҳаройна, парҳезгорон дар боғҳову канори чашмасорон бошанд.

16.Он чиро Худо арзонияшон доштааст, гирифтаанд. Ҳаройна, пеш аз он некӯкор буданд,

17.андаке аз шабро мехобиданд

18.ва ба ҳангоми саҳар истиғфор (тавба) мекарданд

19.ва дар амволашон барои пурсандаву маҳрум ҳаққе буд.

20.Ва дар замин барои аҳли яқин ибратҳоест

21.ва низ дар вуҷуди худатон. Оё намебинед?

22.Ва ризқи шумо ва ҳар чӣ ба шумо ваъда шуда, дар осмон аст.

23.Пас, савганд  ба Парвардигори осмонҳову замин, ки ин сухан ончунон ки сухан мегӯянд, ҳақ ва рост аст.

24.Оё достони меҳмонони гиромии Иброҳим ба ту расидааст?

25.Он гоҳ ки назди ӯ омаданду гуфтанд: «Салом!» Гуфт: «Салом!  Шумо мардуми ношиносед!»

26.Дар ниҳон ва шитобон назди касони худ рафт ва гӯсолаи фарбеҳе овард.

27.Таъомро ба наздашон гузошту гуфт: «Чаро намехӯред?»

28.Ва аз онҳо бимнок шуд. Гуфтанд: «Матарс!» Ва ӯро ба фарзанде доно мужда  доданд.

29.Ва занаш фарёдзанон (аз тааҷҷуб) омад ва бар рӯй заду гуфт: «Ман пирзоле нозоям».

30.Гуфтанд: «Парвардигори ту инчунин гуфтааст. Ва ҳаройна, ӯ ҳакиму доност!»

31.Гуфт: «Эй расулон, ба чӣ кор омадаед?»

32.Гуфтанд: «Моро ҳаройна, бар мардуме табаҳкор фиристодаанд,

33.то тиккаҳои сангҳои гилӣ бар сарашон биборем,

34.ки бар он сангҳо аз ҷониби Парвардигорат барои аз ҳад гузаштаҳо нишон гузоштаанд».

35.Пас, ҳамаи касонеро, ки имон оварда буданд, берун бурдем.

36.Ва дар он шаҳр ҷуз як хона аз фармонбардорон наёфтем.

37.Ва дар он сарзамин  барои касоне, ки аз азоби дардовар метарсанд, нишоне  боқӣ гузоштем.

38.Ва ибратест дар Мӯсо, он гоҳ ки ӯро бо бурҳоне ошкор назди Фиръавн фиристодем.

39.Ва ӯ (Фиръавн) ба ҳамаи нерӯяш рӯӣ гардонду гуфт: «Ҷодугарест ё девонае!»

40.ӯ ва лашкарҳояшро фурӯ  гирифтем ва ба баҳр афкандем. Ва ӯ сазовори маломат буд.

41.Ва низ ибратест дар қавми Од, он гоҳ ки боди ақимро2 бар онҳо фиристодем.

42.Бар ҳеҷ чиз навазид, магар он ки чун устухоне пӯсидааш бар ҷой ниҳод.

43.Ва низ ибратест дар қавми Самуд, он гоҳ ки ба онҳо гуфта шуд: «Замоне чанд бархурдор  шавед».

44.Онон аз фармони Парвардигорашон сар боз заданд ва ҳамчунон ки менигаристанд, раъди тунде фурӯ гирифташон.

45.Истодан натавонистанд ва ёрои интиқом надоштанд.

46.Ва аз пеш қавми нӯҳро фурӯ гирифтем, ки қавме саркаш буданд.

47.Ва осмонро ба нерӯ  барафроштем  ва ҳаққо, ки Мо тавоноем.

48.Ва заминро густурдем ва чӣ некӯ густурандагонем!

49.Ва аз ҳар чиз ҷуфте биёфаридаем, бошад, ки ибрат гиред.

50.Пас, ба сӯи Худованд бигрезед. Ҳаройна, ман шуморо аз ҷониби ӯ  бимдиҳандае ошкорам.

51.Ва бо Худои якто худои дигареро мапарастед. Ҳаройна, ман шуморо аз ҷониби ӯ бимдиҳандае ошкорам.

52.Ба ин сон (ки инҳо шуморо такзиб мекунанд) бар онҳое, ки аз ин пеш буданд, паёмбаре  фиристода  нашуд, ҷуз он ки гуфтанд: «Ҷодугар ё девонаест!»

53.Оё  ба ин кор (яъне, гуфтани чунин сухане) якдигарро васият карда буданд? Балки, онҳо мардуме тоғӣ (саркаш) буданд (ва омили ваҳдату якрангии корашон ҳамин рӯҳияи палидонаи саркашиашон аст).

54.Пас,  аз (ситеза кардан бо) онҳо рӯйгардон шав (зеро онҳо мутакаббиранд). Касе туро маломат нахоҳад кард (ки чаро онҳо имон намеоранд).

55.Андарз бидеҳ, ки панд мӯъминонро судманд афтад (то Худоро фаромӯш накунанд ва ҳамеша дар имон ва яқинашон биафзоянд).

56.Ҷинну инсро ҷуз барои парастиши Худ наёфаридаам3.

57.Аз онҳо ризқе намехоҳам ва намехоҳам, ки маро итъом кунанд (рӯзӣ диҳанд).

58.Ҳаройна, Худост рӯзидиҳанда. Ва ӯст соҳиби нерӯе сахт устувор4!

59.Пас, ҳаройна, ин ситамкоронро аз азоб  баҳраест ҳамонанди баҳрае, ки ёронашон доштанд. Пас, ба шитоб чизе (азоб) аз Ман нахоҳанд!

60.Вой бар кофирон, аз он рӯз, ки онҳоро ваъда додаанд!

Мы в социальных сетях