59 Сураи Ҳашр (Рондан)

Назад

59 Сураи Ҳашр1 (рондан)

 

Ба номи Худованди  бахшояндаи меҳрубон!

1.Худовандро тасбеҳ гӯянд ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин  аст2. Ва ӯст пирӯзманду ҳаким!

2.ӯст он Худое, ки нахустин бор касоне аз аҳли китобро, ки кофирон буданд, аз хонаҳояшон берун ронд ва шумо намепиндоштед, ки берун раванд. Онҳо низ пиндоштанд, ки қалъаҳояшонро тавони он ҳаст, ки  дар баробари (азоби) Худо нигаҳбонашон бошад. Худо аз сӯе, ки гумонашро намекарданд бар онҳо азоб овард ва дар дилашон ваҳшат афканд, чунон ки  хонаҳои худро бо дасти худ ва бо дасти мӯъминон хароб мекарданд.  Пас, эй соҳибақлҳо ибрат бигиред!3

3.Агар Худо тарки диёрро бар онҳо муқаррар накарда буд, дар дунё ба азоб гирифторашон мекард ва дар охираташон азоби оташ аст.

4.Ва ин ба ҷазои он буд, ки бо Худову паёмбараш мухолифат карданд ва ҳар кӣ бо Худо мухолифат меварзад, бидонад, ки албатта,  Худо ба сахтӣ уқубат мекунад!

5. Ҳар дарахти хурмоеро, ки буридед ё онро бар решааш боқӣ гузоридед, ба фармони Худо бувад, то нофармонон хор гарданд.

6.Ва он чӣ Худо аз дороияшон ба паёмбари худ ғанимат дод, он набуд, ки шумо бо асп ё шутуре бар он тохта будед, балки Худо паёмбаронашро бар ҳар ки бихоҳад, ғолиб месозад ва Худо бар ҳар чизе қодир аст!

7.Он ғанимате, ки Худо аз мардуми деҳаҳо насиби паёмбараш  кардааст, аз они Худост ва паёмбар ва хешовандону ятимон ва мискинону мусофирони  дар роҳ монда, то миёни тавонгаронатон даст ба даст нашавад. Ҳар чӣ паёмбар ба шумо дод биситонед ва аз ҳар  чӣ шуморо манъ кард, парҳез кунед. Ва аз Худо битарсед, ки ҳаройна,  Худо сахтуқубат аст!

8.Низ ғаниматҳо аз они муҳоҷирони  фақиронест, ки аз сарзаминашон ронда шудаанд ва онҳо дар талаби фазлу хушнудии Худоянд ва Худову паёмбарашро ёрӣ мекунанд, инҳо ростгӯёнанд!

9.Ва касоне, ки пеш аз омадани муҳоҷирон дар диёри худ будаанд ва имон овардаанд, онҳоеро, ки ба сӯяшон муҳоҷират кардаанд, дӯст медоранд. Ва аз он чӣ муҳоҷиронро дода мешавад, дар дил эҳсоси ҳасад намекунанд ва дигаронро (муҳоҷиронро) бар худ тарҷеҳ (афзалият) медиҳанд, ҳар чанд худ  (ансор) мӯҳтоҷ бошанд. Ва онон, ки аз бухли хеш дар амон монда бошанд, растагоронанд!

10. Касоне, ки аз паси онҳо омадаанд, мегӯянд: «Эй парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, биёмурз ва кинаи касонеро, ки имон овардаанд, дар дили мо ҷой мадеҳ. Эй Парвардигори мо, ҳаройна, ту мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!»

11.Оё мунофиқонро надидаӣ, ки ба ёрони худ аз аҳли китоб, ки кофирон буданд, ки мегуфтанд: «Агар шуморо бадарға кунанд, мо низ бо шумо берун меоем ва ба зиёни шумо аз ҳеҷ кас итоъат нахоҳем кард ва агар бо шумо ҷангиданд, ҳатман, ёриатон мекунем». Ва ҳол он ки Худо медонад, ки ҳаройна, онҳо  дурӯғ мегӯянд.

12.Агар онҳоро бадарға кунанд, бо онҳо берун нашаванд. Ва  агар ба ҷангашон биёянд, ёриашон намекунанд ва агар ҳам ба ёриашон бархезанд, ҳатман ба душман пушт мекунанд. Пас, рӯйи ёрӣ набинанд.

13.Тарси аз шумо  дар дили онҳо бештар аз бими Худост. Зеро мардуме ҳастанд, ки ҳаройна, ба фаҳм дарнамеёбанд.

14.Онон ҳамагӣ бо шумо ҷанг  намекунанд, магар дар деҳаҳое, ки қалъа дошта бошад ё аз паси девор. Онҳо сахт бо якдигар душмананд, ту якдил мепиндориашон ва ҳол он ки дилҳошон аз ҳам ҷудост, ки ҳаройна, онҳо мардуме бехираданд.

15. Монанди онҳое ҳастанд, ки чанде пеш вуболи гуноҳи хешро чашиданд ва ба азоби дардовар низ гирифтор хоҳанд шуд.

16.Монанди шайтон, ки ба одамӣ гуфт: «Кофир шав!» Чун кофир шуд, гуфт: «ҳаройна, ман аз ту безорам. Албатта, ман аз Худо он Парвардигори ҷаҳониён метарсам!»

17. Саранҷомашон он шуд, ки ҳарду ба оташ афтанд ва ҷовидона дар он бошанд. Ин аст ҷазои ситамкорон!

18.Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед. Ва ҳар кас бояд бингарад, ки барои фардояш чӣ фиристодааст. Аз Худо битарсед, ки ҳаройна, Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!

19.Аз он касоне мабошед, ки Худоро фаромӯш карданд ва Худо низ чунон  кард, ки худро фаромӯш кунанд. Онҳо фосиқонанд.

20. Аҳли дӯзах ва аҳли биҳишт бо ҳам баробар нестанд. Аҳли биҳишт худ комёфтагонанд.

21.Агар ин Қуръонро бар кӯҳ нозил мекардем, аз хавфи Худо онро тарсида ва шикофхӯрда медидӣ. Ва ин мисолҳоест, ки барои мардум меоварем, шояд ба фикр фурӯ раванд.

22.ӯст Худои ягона, ки ҳеҷ Худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Донои ниҳону ошкор ва бахшояндаву меҳрубон аст!

23.ӯст Худои ягона, ки ҳеҷ Худое дигаре барҳақ ҷуз ӯ нест, фармонравост, пок аст, саломат аст (аз ҳар айбу нуқс), эминибахш аст, нигаҳбон аст, пирӯзманд аст,  ғолибу худихтиёру  бузургвор аст. Ва аз ҳар чӣ барои ӯ шарик қарор медиҳанд, пок аст!

24.ӯст Худое, ки офаридгор аст, эҷодкунанда ва суратбахш аст, номҳои некӯ ӯрост. Ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин  аст, тасбеҳгӯйи  ӯ ҳастанд ва ӯ пирӯзманду ҳаким аст!

Мы в социальных сетях