62 Сураи Ҷумъа

Назад

62 Сураи Ҷумъа

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

 

1.Худоро тасбеҳ гӯянд ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, он фармонравои пок аз айбро, он пирӯзманди ҳакимро!

2.ӯст Худое, ки ба миёни мардуме бесавод паёмбаре аз худашон фиристод, то оёташро бар онҳо бихонад ва онҳоро покиза созад ва китобу ҳикматашон биёмузонад. Агарчи пеш аз он дар гумроҳии ошкор будаанд.

3.Ва бар гурӯҳе дигар (аз бани Одам) аз онҳо, ки ҳанӯз бо онҳо напайвастаанд (яъне, ҳанӯз ба дунё наомадаанд). Ва ӯст пирӯзманду ҳаким!

4.Ин бахшоиши Худост, ки ба ҳар кӣ хоҳад, медиҳад ва Худоро бахшоише бузург аст.

5.Мисоли касоне, ки Таврот ба онҳо дода шуда ва ба он амал намекунанд, мисли он хар аст, ки китобҳоеро ҳамл мекунад. Бад мисолест мисоли мардуме, ки оёти Худоро дурӯғ мешуморидаанд. Ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад.

6.Бигӯ: «Эй қавми яҳуд, ҳар гоҳ мепиндоред, ки ҳаройна, шумо  дӯстони Худо ҳастед, на мардуми дигар, пас орзуи марг кунед, агар рост мегӯед!»

7.Ва онон ба сабаби аъмоле, ки пеш аз ин кардаанд, ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард ва Худо ба ситамкорон доност!

8.Бигӯ: «ҳаройна,  он марге, ки аз он мегурезед, шуморо, ҳатман, дархоҳад ёфт ва сипас назди он донои ниҳону ошкоро баргардонда мешавед, то ба корҳое, ки кардаед огоҳатон созад.

9.Эй касоне, ки имон овардаед чун азони намози рӯзи ҷумъа гуфта шавад, ба намоз бишитобед2 ва хариду фурӯшро  тарк кунед. Агар доно бошед, ин кор (чизе, ки ба иҷрои он дастур дода мешавед) бароятон беҳтар аст.

10.Ва чун намоз поён ёфт, (аз пайи ризқу рӯзӣ) дар замин пароканда шавед ва ризқи Худо талаб кунед ва Худоро (бо дил ва забон)  бисёр (натанҳо дар вақтҳои намозҳои панҷ- вақта) ёд кунед3,  бошад, ки растагор шавед!

11.Ва чун тиҷорате ё бозие бинанд, пароканда мешаванд ва ба ҷониби он мераванд ва туро ҳамчунон истода раҳо мекунанд4?. Бигӯ: «Он чӣ дар назди Худост, аз бозиву тиҷорат беҳтар аст». Ва Худо беҳтарини рӯзидиҳандагон аст!

Мы в социальных сетях