70 Сураи МАЪОРИҶ (Осмонҳо)

Назад

70 Сураи МАЪОРИҶ1 (осмонҳо)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Пурсандае аз азобе пурсид, ки

2.бар кофирон фурӯд хоҳад омад,  ки кас онро дафъ натавонад кард

3.аз ҷониби Худо, ки соҳиби осмонҳост2.

4. Дар рӯзе, ки миқдораш панҷоҳ ҳазор сол аст3, фариштагон ва рӯҳ ба он боло раванд.

5.Пас, сабр кун, сабре некӯ.

6.Албатта, онҳо он рӯзро дур мебинанд

7.ва мо наздикаш мебинем

8.рӯзе, ки осмон чун филиз гудохта гардад

9.ва кӯҳҳо чун пашм (дар сабукӣ)

10.ва ҳеҷ хешованде аз ҳоли хешованди худ напурсад,

11.якдигарро баробари чашмашон оранд. Гунаҳкор дӯст дорад, ки хештанро бозхарад аз азоби он рӯз  ба фарзандонаш

12.ва занаш ва бародараш

13.ва аширааш (хешонаш), ки ӯро макон додааст.

14.   ва ҳамаи онҳо, ки дар рӯи заминанд сипас, наҷот ёбад.

15.Ҳаргиз на, ки албатта, он шӯълаи оташ аст,

16.пусти сарро меканад,

17.ҳар киро, ки ба ҳақ иъроз (пушт) кард ва аз фармон сар печид, ба худ мехонад

18.ва онро, ки гирд меоварду (молу сарваташро) ҷой мекард.

19. Албатта, одамиро ҳарису бесабр офарида шудааст.

20. Чун шарре (бадие) ба ӯ расад, беқарорӣ кунад.

21.Ва чун моле ба дасташ афтад, бахилӣ мекунад,

22. магар намозгузорандагон:

23.онон, ки ба намоз мудовамат (давом) мекунанд

24. ва онон, ки дар амволашон ҳаққест муъайян (яъне, ба мӯҳтоҷон ҳақ медиҳад)

25. барои гадову маҳрум

26. ва касоне, ки рӯзи қиёматро тасдиқ мекунанд

27. ва касоне, ки аз азоби Парвардигорашон тарсонанд,

28. ки ҳаройна, аз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд

29. ва касоне, ки шармгоҳи хешро нигаҳ медоранд,

30. магар барои ҳамсаронашон ё канизонашон, ки дар ин ҳол, албатта, маломате бар онҳо нест.

31.Ва онон, ки ғайри инро биталабанд, аз ҳад гузаштагон ҳастанд.

32.Ва касоне, ки амонатҳову аҳдҳои худро риъоя мекунанд

33. ва касоне, ки шаҳодати хеш ба ҳақ адо мекунанд

34. ва касоне, ки бар намозҳошон мувозибат (давом) доранд,

35.инҳо дар биҳишт гиромӣ ҳастанд.

36.Пас, чист, ки кофирон ба сӯи ту мешитобанд?

37.   Даста – даста аз ҷониби чапу аз ҷониби рост.

38.   Оё ҳар як аз онҳо тамаъ мекунад, ки ба биҳишти пурнеъмат дохил шавад?

39.   Ҳаргиз на, онҳо худ медонанд, ки аз чӣ чиз онҳоро офаридаем.

40. Пас, савганд ба Парвардигори машриқҳову мағрибҳо, ки Мо, ҳаройна, тавоноем,

41. ки ба ҷои онҳо мардуме беҳтар биёварем ва дар ин кор нотавон нестем.

42. Пас, бигузорашон (мушриконро), то ба беҳудагӣ машғул шаванду бозӣ кунанд (ва ту, эй Паёмбар, машғули анҷом додани маъмурияти худат бош), то ба рӯзе, ки ваъдаашон додаем, бирасанд (ва бубинанд, ки дар он рӯз на тавба барояшон суде дорад ва на пушаймонӣ),

43. рӯзе, ки шитобон аз қабрҳо бадар оянд, чунон ки гӯӣ назди бутон мешитобанд

44. ваҳшат бар чашмонашон ғолиб шуда (аз ҳавлу ҳарос) ва ба хорӣ афтодаанд (асари шармандагӣ ва зиллат аз симояшон намоён аст): (ба онҳо гуфта шавад) ин аст ҳамон рӯзе, ки онҳоро ваъда дода мешуд (дар ҳаёти дунё, ки омадани қиёмат ҳақ ва рост аст)!

Мы в социальных сетях