Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1.Оё муддате бар инсон (дар раҳми модар ба гунаи нутфа ва ҷанин) гузаштааст2 ва ӯ чизи қобили зикр набудааст?!
2.ҳаройна, Мо одамиро аз нутфае омехта офаридем, то ӯро имтиҳон кунем. Ва шунавою бинояш сохтаем.
3.ҳаройна, роҳро ба ӯ нишон додем. Ё шукргузор бошад ё ношукр.
4.ҳаройна, Мо барои кофирон занҷирҳову ғулҳо ва оташи афрӯхта омода кардем.
5.ҳаройна, некон аз ҷомҳое менӯшанд, ки омехта ба кофур аст,
6.чашмае, ки бандагони Худо аз он менӯшанд ва онро бар ҳар ҷое, ки мехоҳанд, равон месозанд.
7.Ба назр вафо мекунанд ва аз рӯзе, ки шарри он ҳама ҷоро гирифтааст, метарсанд.
8.Ва таъомеро дар ҳоле худ дӯсташ доранд, ба мискину ятим ва асир мехӯронанд,
9.(Ба забони ҳол мегӯянд) ҷуз ин нест, ки шуморо барои Худо таъом медиҳем ва аз шумо на подоше мехоҳем на сипосе.
10. Ҳаройна, Мо аз Парвардигори худ метарсем, дар рӯзе, ки он рӯз рӯйҳо турш мешаванд ва тарснок аст.
11.Худо онҳоро аз шарри он рӯз нигаҳ дошт ва ононро таровату шодмонӣ бахшид.
12. Ба мукофоти сабре, ки кардаанд, биҳишту ҳарир дод.
13. Дар он ҷо бар тахтҳо такя задаанд, на (гармии) офтоберо мебинанд ва на хунукие сахтеро.
14. Сояҳои дарахтонаш бар сарашон афтода ва меваҳояш ба фармонашон бошад.
15. Косаҳои нуқрагину кӯзаҳои шароб миёнашон ба гардиш дармеоянд.
16. Кӯзаҳое аз нуқра, ки онҳоро ба андоза пур кардаанд.
17. Дар он ҷо ҷоме бинӯшонандашон, ки омехта бо занҷабил бошад,
18. аз чашмае, ки онро салсабил мегӯянд.
19. Ҳамвора писароне ба гирдашон мечарханд, ки чун онҳоро бубинӣ, пиндорӣ марвориди парокандаанд.
20. Чун бингарӣ, ҳар чӣ бингарӣ, неъмат фаровон аст ва фармонравоии бузург.
21. Бар танашон ҷомаҳоест аз сундуси2 сабз ва истабрақ3. Ва бо дастбандҳое аз нуқра ороста шудаанд ва бинӯшонад онҳоро Парваридигорашон шароби покро.
22.Ҳаройна, ин подоши шумост ва аз кӯшишатон сипосгузорӣ шудааст.
23.Ҳаройна, Мо Қуръонро бар ту нозил кардем, нозил кардане некӯ!
24. Дар баробари фармони Парвардигорат собир бош ва аз ҳеҷ гунаҳкор ё носипосе итоъат макун!
25. Ва бомдоду шомгоҳон номи Парвардигоратро ба забон биёвар.
26. Дар қисме аз шаб саҷдааш кун (Худоро) ва дар ҳама дарозии шаб (вақте ки мардум дар хобанд) тасбеҳаш гӯй (ва бисёр ӯро биситой)!
27. Ҳаройна, инҳо (кофирон ва мушрикон) ин дунёи зудгузарро дӯст доранд ва он рӯзи душворро пушти сар мепартоянд (ҳол он ки ҳавлу тарси он бисёр азим аст).
28. Мо (ба қудрати Худ) одамиёнро (аз адам) офаридаем ва аъзову пайвандҳояшонро (ба василаи рагу пайҳо) нерӯманд гардонидем (то ки нерӯманд шаванд) ва агар хоҳем, ба ҷои онҳо қавме монандашон биёварем (ки бандаи мутеъи Худо шаванд).
29. Ҳаройна, ин (оёти шариф) пандест (ки инсони оқил ба василаи он панд мегирад ва аз каҷӣ бозмегардад). Пас, ҳар кӣ хоҳад, (аз ин оёт ибрат бигирад ва аз нур ва фурӯғаш рушноӣ биҷӯяд ва) роҳе ба сӯи Парвардигори хеш интихоб кунад.
30. Ва шумо ҷуз он наметавонед бихоҳед, магар ин ки Худо хоста бошад4, зеро Худо донову ҳаким ҳаст.
31.Ҳар касро, ки бихоҳад, шомили раҳмати худ созад ва барои ситамкорон азобе дардовар омода кардааст.