88 Сураи ҒОШИЯ (Пӯшида)

Назад

88 Сураи ғОШИЯ  (пӯшида)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Оё достони ғошия2 ба ту расидааст?

2.Дар он рӯз ваҳшат дар чеҳраҳо падидор аст,

3. талошкардаву ранҷдида

4.дар оташи сӯзон дарафтанд,

5.аз он чашмаи бисёр гарм обашон диҳанд,

6.таъоме ғайри зареъ3 надоранд,

7.ки на фарбеҳ мекунад ва на дафъи гуруснагӣ.

8.Ва дар он рӯз чеҳраҳое тоза бошанд,

9.аз кори хештан хушнуд,

10.дар биҳиште олимақом,

11.ки дар он сухани беҳуда нашнавӣ

12.ва дар он чашмасорҳо равон бошад

13.ва тахтҳое баланд зада

14.ва кӯзаҳое ниҳода

15.ва болишҳое дар канори ҳам чида

16.ва фаршҳое густурда.

17.Оё ба шутур наменигаранд, ки чӣ гуна офарида шудааст?

18.Ва ба осмон, ки чӣ гуна барафрошта шудааст?

19.Ва ба кӯҳҳо, ки чи гуна баланд кашида шудааст?

20.Ва ба замин, ки чи сон густурда шудааст?

21.Пас, панд деҳ, ҳаройна, ки ту панддиҳандае ҳастӣ.

22.Ту бар онон фармонраво нестӣ.

23.Магар он кас, ки рӯй гардонд  ва кофир шуд.

24.Пас, Худо ба азоби бузургтар азобаш мекунад.

25.Албатта, бозгашташон ба сӯи Мост.

26.Сипас, албатта, ҳисобашон бо Мост.

Мы в социальных сетях