90 Сураи БАЛАД (Шаҳр)

Назад

90 Сураи БАЛАД (шаҳр)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Қасам ба ин шаҳр (Макка)!

2.Ва ту дар ин шаҳр ҳалол хоҳӣ шуд2.

3.Ва қасам ба падару фарзандони ӯ, (Одам ва насли ӯ )

4.ки одамиро  дар ранҷу меҳнат биёфаридаем.

5.Оё мепиндорад, ки кас бар ӯ қодир нагардад?

6.Мегӯянд: «Моле фаровонро харҷ кардам!»

7.Оё мепиндорад, ки касе ӯро надидааст?

8.Оё барои ӯ ду чашм наёфаридаем?

9.Ва як забону ду лаб?

10.Ва ду роҳ (хайру шар) ба ӯ далолат накардем?

11.Ва ӯ  дар он гузаргоҳи сахт қадам наниҳод.

12.Ва ту чӣ медонӣ, ки гузаргоҳи сахт чист?

13.Озод кардани банда аст,

14.ё таъом додан дар рӯзи қаҳтӣ,

15.хоса ба ятиме, ки хешованд бошад,

16.ё ба мискине хокнишин ( мӯҳтоҷ).

17.Баъд аз он касоне бошанд, ки имон овардаанд ва якдигарро ба сабр супориш карданду ба бахшоиш.

18.Ин ҷамоъат, эшонанд некбахтон.

19.Ва касоне, ки ба оёти Мо кофиранд, аз аҳли шақоватанд (бадбахтанд).

20.Насиби онҳост оташе, ки аз ҳар сӯ сараш пӯшида аст.

Мы в социальных сетях