91 Сураи ШАМС (Офтоб)

Назад

91 Сураи ШАМС  (офтоб)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Савганд ба офтоб (ки манбаи нур аст) ва савганд ба партави он (ки сарчашмаи ҳаёт аст) ба ҳангоми чошт

2.ва савганд ба моҳ, чун аз паи он барояд

3.ва савганд ба рӯз, чун дунёро равшан кунад

4.ва савганд ба шаб, чун фурӯ пӯшадаш

5.ва савганд ба осмону он ки онро бино карда

6.ва савганд ба замину  он ки онро бигустурда

7.ва савганд ба нафсу он ки некӯяш биёфарида,

8.сипас бадиҳову парҳезгориҳояшро ба ӯ илҳом карда,

9.ба таҳқиқ, ҳар кӣ  дар покии нафс кӯшид, наҷот ёфт

10.ва ба таҳқиқ, ҳар кӣ дар палидиаш фурӯ пӯшид, зиён кард.

11.Қавми Самуд аз рӯи саркашӣ дурӯғ шумориданд.

12.Он гоҳ ки бадбахттаринашон бархост.

13.Паёмбари Худо ба онҳо гуфт, ки модашутури Худоро ва навбати оби ӯро бигузоред!

14.дурӯғгӯяш шумориданд ва шутурро куштанд. Пас, Парвардигорашон ба сабаби гуноҳашон бар сарашон азоб овард ва бо хок яксонашон сохт.

15.   Ва Худо аз саранҷоми он бимнок нест.

Мы в социальных сетях