92 Сураи ЛАЙЛ (Шаб)

Назад

92 Сураи ЛАЙЛ (шаб)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Савганд ба шаб, он гоҳ ки ҷаҳонро дар худ фурӯ пӯшад

2.ва савганд ба рӯз, он гоҳ ки ошкор шавад

3.ва савганд ба он зоте, ки нару модаро биёфарид.

4.ки ҳаройна, ҳосили кӯшишҳои шумо гуногун аст.

5.Аммо касе, ки бахшоишу парҳезгорӣ кард

6.ва он беҳтаринро тасдиқ кард (калимаи тайибаро),

7.пас, барои биҳишт омодааш мекунем.

8.Аммо он кас кӣ бухлу бениёзӣ кард

9.ва он беҳтаринро такзиб кард (дурӯғ шумурд),

10.ӯро барои дӯзах омода месозем.

11.Ва ҳаройна, чун ҳалокаташ даррасад, дороияш ба ҳолаш суд набахшад.

12.Ва ҳаройна, он чӣ, бар Мост, роҳнамоист.

13.Ва он чӣ аз Мост он ҷаҳону ин ҷаҳон аст.

14.Пас, шуморо аз оташе, ки забона мезанад, метарсонам,

15.ҷуз  бадбахттарин (инсонҳо) ба он дар наяфтанд,

16.он ки дурӯғ шуморид ва рӯй гардонид.

17.Ва парҳезгортарин мардумро аз он (дӯзах) дур доранд,

18.он ки моли хеш мебахшояд ва покӣ меҷӯяд.

19.Ва ҳеҷ касро бар ӯ ҳаққе набошад, ки инак, подош хоҳад,

20.магар ҷустани хушнудии Парвардигори волои хеш.

21.Ва ҳаройна, ба зудӣ хушнуд шавад.

Мы в социальных сетях