84 Сураи ИНШИҚОҚ (Шикофта шудан)

Назад

84 Сураи ИНШИҚОҚ (шикофта шудан)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Чун осмон шикофта шавад

2.ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад

3.ва чун замин мунбасит (кашида ва паҳн) шавад

4.ва ҳар чиро, ки дар дарун дорад, берун афканад ва холӣ гардад

5. ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад.

6.Эй инсон, ҳаройна, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, пас мукофоти онро хоҳӣ дид.

7.Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд.

8. Пас, ба зудӣ осон аз ӯ ҳисоб гиранд

9.ва шодмон назди касонаш (аҳлаш) бозгардад.

10.Аммо ҳар кас, ки номааш аз пушти сар дода шавад,

11.ба зудӣ, ки бигӯяд: «Вой бар ман, ки ҳалок шудаам».

12. Ва ба оташи афрӯхта дарояд.

13.Ҳаройна, ӯ дар дунё назди касонаш шодмон зиста буд.

14.Ва мепиндоштааст, ки ҳаргиз бознахоҳад гашт.

15.Оре, ҳаройна, Парвардигораш ӯро медидааст.

16.Пас, ба шафақ савганд мехӯрам

17.ва савганд ба шаб ва ҳар чиро фурӯ пӯшад

18.ва савганд ба моҳ, чун фурӯғаш (нураш) комил шавад,

19.ки ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳем расид.

20.Чӣ шудааст онҳоро, ки имон намеоваранд?

21.Ва чун Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд?2

22.Балки кофирон такзиб мекунанд (дурӯғ мешуморанд).

23.Ва Худо барон чӣ дар дил доранд, огоҳ аст.

24.Пас, ононро ба азобе дардовар мужда деҳ,

25.ғайри онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки мукофоташонро поёне нест.

Мы в социальных сетях