85 Сураи БУРУҶ (Бурҷҳо)

Назад

85 Сураи БУРУҶ1 (бурҷҳо)

 

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Қасам ба осмон, ки дорандаи бурҷҳост

2.ва қасам ба рӯзи мавъуд2

3.ва қасам ба шаҳодатдиҳанда ва он чӣ ба он шаҳодат диҳанд,

4.ки асҳоби ухдуд3 ба ҳалокат расиданд.

5.Оташе афрӯхта аз ҳезумҳо,

6.он гоҳ ки бар канори он оташ нишаста буданд

7.ва бар он чӣ бар сари мӯъминон меоварданд, шоҳид буданд.

8.Ва ҳеҷ айбе дар онҳо наёфтанд, ҷуз он ки ба Худои пирӯзманди лоиқи ситоиш, имон оварда буданд,

9.он Худое, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они ӯст ва бар ҳар чизе нозир аст.

10. Албатта, онон, ки мардону занони мӯъминро шиканҷа кардаанд ва тавба накардаанд, азоби ҷаҳаннам ва азоби оташ барои онҳост.

11.Албатта, барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо ҷорист ва он комёбии бузургест!

12.Албатта, ба азоб гирифтани Парвардигори ту сахт аст.

13.Албатта, ӯст, ки нахуст меофаринад ва пас аз марг зинда месозад.

14.ӯ омурзандаву дӯстдоранда аст.

15.ӯст соҳиби  арши бузург.

16.Ҳар чиро ирода кунад, ба анҷом мерасонад.

17.Оё достони лашкарҳоро шунидаӣ?

18.Лашкарҳои Фиръавну қавми Самуд,

19.Балки, онон, ки роҳи куфр пеш гирифтаанд, ҳамчунон дар дурӯғбарорӣ ҳастанд

20.ва Худо аз ҳама сӯ бар онҳо иҳота дорад.

21.Балки, ин Қуръони маҷид аст

22.дар лавҳи маҳфуз!

Мы в социальных сетях