95 Сураи ТИН (Анҷир)

Назад

95 Сураи ТИН (анҷир)

Ба номи Худои  бахшояндаи меҳрубон!

1. Савганд ба анҷиру зайтун2

2. савганд ба Тури муборак3,

3. савганд ба ин шаҳри эмин4,

4. ки ба таҳқиқ, Мо одамиро дар некӯтарин сурате биёфаридем.

5. Он гоҳ ӯро фурӯтар аз ҳамаи фурӯтарон гардонидем,

6. ғайри онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки  подоши бепоён доранд.

7. Пас, чист, ки бо ин ҳол туро ба дурӯғ шуморидани қиёмат вомедоранд?

8. Оё Худо довартарини доварон нест?

Мы в социальных сетях