Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1. Алиф, лом, ро. (Ин қуръон) китобест, ки бар ту нозил кардем, то мардумро (дар партави таълимоти он) ба фармони Парвардигорашон аз торикӣ (гумроҳии куфр ва нодонӣ) ба рӯшноӣ (нури имон) ва ба роҳи Худои пирӯзманди сутуданӣ роҳ намоӣ.
2. Худое, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст, азони ӯст! Пас вой бар кофирон аз азобе сахт (ва муҷозоти шадид).
3. Онон, ки зиндагии дунёро аз охират дӯсттар доранд ва дигаронро аз роҳи Худо бозмедоранд ва онро (роҳи Худоро ба сабабу воситаи шубҳаҳо) мунҳариф (каҷравӣ) нишон доданашро мехоҳанд, сахт дар гумроҳӣ ҳастанд.
4. (Эй Муҳаммад) ҳеҷ паёмбареро ҷуз ба забони мардумаш (сухангӯ) нафиристодем, то битавонад паёми Худоро барояшон баён кунад (ва ҳақоиқро табйин ва ташреҳ кунад). Пас Худо ҳар киро (ки ба фармони илоҳӣ гӯш накардааст) бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар киро (ки мувофиқи дастури илоҳӣ амал намудааст) бихоҳад, ҳидоят мекунад ва ӯст пирӯзманду ҳаким!
5. Мӯсоро бо оёти худ фиристодем, ки қавми худро аз торикӣ ба рӯшноӣ берун ор ва рӯзҳои Худоро ба ёдашон биёвар ва дар ин (ки баёни саргузашти некон ва бадони пешгузашта аст) барои ҳар сабркунандаи (бар мусибатҳо ва балоҳҳои илоҳӣ) шукргузор (бар инъом ва атоҳои илоҳӣ) ибратҳоест!
6. Ва Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Неъматеро, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ба ёд оваред, он гоҳ ки шуморо аз фиръавниён бираҳонид. Ба сахтӣ озоратон мекарданд ва писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд ва дар ин аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо озмоише бузург буд».
7. Ва Парвардигоратон эълом кард, ки агар Маро шукр гӯед, бар неъмати шумо меафзоям ва агар ношукрӣ кунед, бидонед, ки азоби Ман сахт аст!
8. Ва Мӯсо гуфт: «Агар шумо ва ҳамаи мардуми рӯи замин кофир шавед, Худо бениёз ва сазовори ситоиш аст!»
9. Оё хабари касоне, ки пеш аз шумо будаанд, чун қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд2 ва низ касоне, ки баъд аз онҳо будаанд, ба шумо нарасидааст? Ҷуз Худо касеро аз онон огоҳӣ нест. Паёмбаронашон ҳамроҳ бо далелҳои равшан омаданд ва онҳо даст бар даҳон бурданду (аз ниҳояти тааҷҷуб ва инкор ангуштони худро газиданд) гуфтанд: «Мо ба он чӣ ба он амр шудаед, имон намеоварем ва дар чизе, ки моро ба он мехонед, сахт дар шубҳа ҳастем».
10. Паёмбаронашон гуфтанд: «Оё дар Худо, он офаринандаи осмонҳову замин- шакке ҳаст? Шуморо фаро мехонад, то гуноҳонатонро биомурзад ва то муддате муайян шуморо зинда гузорад». Гуфтанд: «Шумо ҷуз мардумоне монанди мо нестед. Мехоҳед моро аз он чӣ падаронамон мепарастиданд, боздоред. Барои мо далеле равшан биёваред!»
11. Паёмбаронашон гуфтанд: мо ҷуз мардумоне монанди шумо нестем, вале Худо ба ҳар яке аз бандагонаш, ки бихоҳад, неъмати фаровон медиҳад. Моро насазад, ки барои шумо далеле, ҷуз ба фармони Худо, биёварем ва мӯъминон бар Худо таваккул мекунанд.
12. Чаро бар Худо таваккул накунем ва ҳол он ки ӯ роҳи моро ба мо бинамуд? Ва мо бар озоре, ки ба мо мерасонед, сабр хоҳем кард ва таваккулкунандагон бар Худо тавваккул мекунанд».
13. Кофирон ба паёмбаронашон гуфтанд: «Ё шуморо аз сарзамини худ меронем ё ба дини мо бозгардед». Пас Парвардигорашон ба паёмбарон ваҳй кард, ки ситамкоронро, ҳатман, ҳалок хоҳем кард.
14. Ва шуморо пас аз эшон дар он сарзамин ҷой хоҳем дод. Ин (ваъда) барои касест, ки аз истодан дар пешгоҳи Ман ва аз ваъдаи азоби Ман битарсад!
15. Пирӯзӣ хостанд (паёмбарон) ва ҳар ҷаббори саркаше навмед шуд.
16. Пушти сараш (сари кофир) ҷаҳаннам аст, то дар он ҷо ӯро аз оби чирку хунаш бихӯронанд.
17. Ҷуръа-ҷуръа онро менӯшад ва ҳеҷ гуворои ӯ нест ва марг аз ҳар сӯ бар ӯ метозад, аммо намемирад, ва азобе сахт дар интизори ӯст.
18. Масали аъмоли касоне, ки ба Худо кофир шудаанд, чун хокистарест, ки дар рӯзе тӯфонӣ боде сахт бар он бивазад. Тавони нигоҳ доштани он чиро, ки ба даст оварданд, надоранд. Ин аст гумроҳии беохир!
19. Оё надидаӣ, ки Худо осмонҳову заминро бар ҳақ офаридааст? Агар бихоҳад, шуморо аз байн мебарад ва махлуқе нав меоварад.
20. Ва ин бар Худо душвор нест.
21. Ҳама дар пешгоҳи Худо ҳозир оянд. Нотавонон ба онон, ки гарданкашӣ мекарданд, гӯянд: «Мо пайрави шумо будем. Оё акнун метавонед моро ба кор оед ва андаке аз азоби Худоро аз мо дафъ кунед?» Гӯянд: «Агар Худо моро ҳидоят карда буд, мо низ шуморо ҳидоят мекардем. Ҳоло моро роҳи халосӣ нест. Барои мо яксон аст, чӣ бетобӣ кунем, чӣ сабр варзем».
22. Чун кор ба поён ояд, шайтон гӯяд: «Худо ба шумо ваъда дод ва ваъдаи ӯ дуруст буд ва ман низ ба шумо ваъда додам, вале ваъдаи худ хилоф кардам. Ва бароятон ҳеҷ далелу бурҳоне наёвардам, ҷуз он ки даъвататон кардам, шумо низ даъвати ман иҷобат кардед, пас маро маломат макунед, худро маломат кунед. На ман фарёдраси шумоям, на шумо фарёдраси ман. Аз ин ки маро пеш аз ин шарики Худо карда будед, безорам». Зеро барои ситамкорон азобест дардовар!
23. Касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки наҳрҳо дар он ҷорист, дароваранд, ба фармони Парвардигорашон дар он ҷо ҷовидона бимонанд ва ба салом якдигарро таҳийят (салом) гӯянд.
24. Оё надидаӣ, ки Худо чӣ гуна масал зад? Сухани пок чун дарахте пок аст, ки решааш дар замин устувор ва шохаҳояш дар осмон аст.
25. Ба фармони Худо ҳар замон меваи худро медиҳад. Худо барои мардум мисолҳо меоварад, бошад, ки панд гиранд!
26. Ва мисоли сухани нопок чун дарахте нопок аст, ки реша дар замин надорад ва барпо натавонад монд.
27. Худо мӯъминонро ба сабаби эътиқоди устуворашон дар дунёву охират пойдор медорад. Ва золимонро гумроҳ месозад ва ҳар чӣ хоҳад, Худо ҳамонро мекунад.
28. Оё надидаӣ он касонро, ки неъмати Худоро ба куфр иваз сохтанд ва мардуми худро ба диёри ҳалокат бурданд?
29. Ба ҷаҳаннам, ба он қароргоҳи бад, дохил мешаванд!
30. Барои Худо ҳамтоёне қарор доданд, то мардумро аз роҳи ӯ гумроҳ созанд. Бигӯ: «Акнун баҳраманд гардед, ки саранҷоматон оташ аст».
31. Ба бандагони Ман, ки имон овардаанд, бигӯ, то намоз бигузоранд ва аз он чӣ рӯзияшон додаем, ниҳону ошкоро инфоқ (харҷ) кунанд, пеш аз он, ки рӯзе фаро расад, ки дар он на хариду фурше бошад ва на ҳеҷ дӯстие ба кор ояд.
32. Худост, ки осмонҳову заминро офарид ва аз осмон борон нозил кард ва ба он борон барои рӯзии шумо меваҳо рӯёнид ва киштиҳоро роми шумо кард, то ба фармони ӯ дар дарё равон шаванд ва рӯдҳоро мутеъи шумо сохт.
33. Ва офтобу моҳро, ки ҳамвора дар ҳаракатанд, роми шумо кард ва шабу рӯзро фармонбари шумо гардонид.
34. Ва ҳар чӣ аз ӯ хостед, ба шумо арзонӣ доштааст ва агар хоҳед, ки неъматҳояшро шумор кунед, натавонед, ки одамӣ ситамкор ва ношукри неъмат аст!
35. Ва Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин сарзаминро эмин гардон ва марову фарзандонамро аз парастиши бутон дур бидор.
36. Эй Парвардигори ман, инҳо (бутҳо) бисёре аз мардумро гумроҳ кардаанд, пас ҳар кас, ки аз ман пайравӣ кунад, аз ман аст ва ҳар кас фармони ман набарад, ту омурзандаву меҳрубонӣ!
37. Эй Парвардигори мо, баъзе аз фарзандонамро ба водии бе ҳеҷ киштае, наздики хонаи гиромии ту ҷой додам, эй Парвардигори мо, то намоз бигузоранд. Дилҳои мардумонро чунон кун, ки таваҷҷӯҳи ба онҳо кунанд ва аз ҳар самаре рӯзиашон деҳ, бошад, ки сипос гузоранд!
38. Эй Парвардигори мо, ҳар чиро пинҳон медорем, ё ошкор месозем, Ту ба он огоҳӣ. Ва бар Худо ҳеҷ чиз дар замину осмон пӯшида нест!
39. Сипос Худоеро, ки дар ин пирӣ Исмоилу Исҳоқро ба ман ато кард. Парвардигори ман дуъоҳоро мешунавад!
40. Эй парвардигори ман, маро ва фарзандони маро барпойдорандагони намоз гардон. Эй Парвардигори мо, дуъои маро бипазир.
41.Эй Парвардигори мо, маро ва падару модарам ва ҳамаи мӯъминонро дар рӯзи шумор биёмурз!
42.Ва мапиндор, ки Худо аз кирдори ситамкорон ғофил аст. Азобашонро то он рӯз, ки чашмҳо дар он хира мемонанд, ба дер меафканад!
43. Мешитобанд, сарҳоро боло гирифтаанд, чашм бар ҳам намезананд (яъне мижа намезананд) ва дилҳояшон холӣ аз хирад аст.
44. Мардумро аз он рӯз, ки азоб фаро мерасад, битарсон. Ситамкорон мегӯянд: «Бор Худоё, моро андаке мӯҳлат деҳ, то даъвати Туро иҷобат кунем ва аз паёмбарони Ту пайравӣ кунем». Оё шумо пеш аз ин савганд намехӯрдед, ки ҳаргиз завол (фано) намеёбед?
45. Дар хонаҳои касоне, ки худ бар хештан ситам мекарданд, ҷой гирифтед ва донистед бо онон чӣ гуна рафтор кардем ва бароятон мисолҳо овардем.
46. Онон найрангҳои худ намуданд ва Худо аз найрангҳояшон огоҳ буд. Ҳарчанд, ки аз найрангҳояшон кӯҳ аз пой меафтод.
47. Мапиндор, ки Худо ваъдаеро, ки ба паёмбаронаш додааст, хилоф мекунад. Худованд пирӯзманд ва интиқомгиранда аст.
48. Он рӯз, ки замин ба замине ғайри ин замин бадал шавад ва осмонҳо ба осмоне дигар ва ҳама дар пешгоҳи Худои воҳиди қаҳҳор ҳозир оянд!
49. Гунаҳкоронро дар он рӯз бо занҷирҳо, дасту по ба гардан, баста бубинӣ.
50. Ҷомаҳошон аз қатрон3 аст ва оташ суратҳошонро фурӯ пӯшидааст.
51. То Худо ҳар касро баробари амалаш ҷазо диҳад, ҳаройна Худо сареъулҳисоб аст!
52. Ин паёмест барои мардум то ба он бимнок шаванд ва бидонанд, ки ӯст Худои якто ва то хирадмандон панд гиранд!