58 Сураи МУҶОДАЛА (Ҷидол кардан)

Назад

58 Сураи МУҶОДАЛА1 (ҷидол кардан)

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

1.Худо сухани занеро, ки дар бораи шавҳараш бо ту ба муҷодала омадааст ва ба Худо шиква мекунад, шунид. Ва Худо гуфтугӯи шуморо мешунавад, ҳаройна, шунавою биност!

2.Аз миёни шумо касоне, ки занонашонро зиҳор (монанд кардани  яке аз узвҳои зан бо узви модар, ки навъе аз қасам аст) мекунанд, бидонанд, ки занонашон модаронашон нашаванд, модаронашон фақат заноне ҳастанд, ки онҳоро зоидаанд ва сухане нописанду дурӯғ аст, ки мегӯянд. Ва ҳаройна, Худо аз гуноҳон ҳатман, даргузаранда аст ва омурзанда аст!

3.Онҳое, ки занонашонро зиҳор мекунанд, он гоҳ аз он чӣ гуфтаанд, пушаймон мешаванд, пеш аз он ки бо якдигар тамос (мулоқоти зану шавҳарӣ) ёбанд, бояд ғуломе озод кунанд. Ин пандест, ки ба шумо медиҳанд ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!

4.Аммо касоне, ки ғуломе намеёбанд, пеш аз он ки бо якдигар тамос ёбанд, бояд ду моҳ пай дар пай рӯза бидоранд ва он кӣ натавонад, бояд шаст мискинро таъом диҳад. Ва ин ба он сабаб аст,  ки ба Худову паёмбараш имон биёваред. Инҳо ҳудуди Худост. Ва барои кофирон азобест дардовар!

5.ҳаройна, касоне, ки бо Худову паёмбараш мухолифат (зиддият, муқобала) меварзанд, залилу хор мешаванд, ҳамчунон, ки пешиниёнашон хор шудаанд. Мо ояте равшан нозил кардем ва кофиронро азобест хоркунанда!

6.Рӯзе, ки Худо ҳамагонро зинда мекунад, ононро  аз коре, ки кардаанд, огоҳ месозад. Худо аъмоли онҳоро ҳисоб кардааст, ҳарчанд худ аз ёд бурдаанд ва Худо шоҳиду нозир бар ҳар чизест!

7.Оё надонистаӣ, ки Худо ҳар чиро ки дар осмонҳову замин аст, медонад? Се кас бо ҳам наҷво (роз, сухани махфӣ) кунанд, Худованд чаҳорумини онҳост ва панҷ кас бошанд, Худованд шашумини онҳост. Ва камтар аз ин,  ҳар ҷо ки бошанд ва бештар аз ин, Худо бо онҳост. Сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат ба корҳое, ки кардаанд, огоҳ мекунад. ҳаройна, Худо бар ҳама чиз огоҳ аст!

8.Оё онҳоро, ки аз наҷво манъ шуда буданд, надидӣ, ки кореро, ки аз он манъ шуда буданд, аз сар гирифтанд ва боз ҳам барои гуноҳу душманӣ ва нофармонӣ аз паёмбар бо ҳам наҷво мекунанд? Ва чун назди ту меоянд, ба гунае туро салом мегӯянд, ки Худо туро ба он гуна салом нагуфтааст ва дар  дилҳо мегӯянд: «Чаро Худо моро ба он чӣ мегӯем, азоб намекунад?» Ҷаҳаннам барояшон кофист. Ба он дохил мешаванд ва ин бад саранҷомест!

9.Эй касоне, ки имон овардаед, агар бо якдигар наҷво (роз, сухани махфӣ) мекунед, дар боби гуноҳу душманӣ ва нофармонӣ аз паёмбар наҷво макунед, балки дар боби некиву парҳезгорӣ наҷво кунед. Аз он Худое, ки ҳамагон назди ӯ гирд меоед, битарсед.

10.Ҳаройна, наҷво кардан кори шайтон аст, ки мехоҳад мӯъминонро ғамгин кунад ва ҳол он ки ҳеҷ зиёне ҷуз ба фармони Худованд ба онҳо намерасонад. Ва мӯъминон бояд, ки бар Худо таваккул кунанд!

11.Эй касоне, ки имон овардаед, чун шуморо гӯянд, дар маҷлисҷо ҷой боз кунед, ҷой боз кунед, то Худо дар кори шумо кушоиш диҳад ва чун гӯянд, ки бархезед, бархезед. Худо онҳоеро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки дониш ёфтаанд ба дараҷоте баланд бардорад ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!

12.Эй касоне, ки имон овардаед, чун хоҳед, ки бо паёмбар наҷво кунед, пеш аз наҷво карданатон садақа бидиҳед. Ин барои шумо беҳтару покизатар аст. Ва агар барои садақа чизе наёфтед, Худо омурзандаву меҳрубон аст!

13.Оё тарсидед пеш аз наҷво кардан садақа бидиҳед? Ҳол ки садақа надодаед ва Худо  ҳам тавбаи шуморо пазируфтааст, пас намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва аз Худову паёмбараш итоъат кунед, ки Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!

14.Оё надидаӣ он касонро (мунофиқонро), ки бо мардуме, ки Худо бар онҳо хашм  гирифта буд, (яҳудиён) дӯстӣ карданд? Инҳо (мунофиқон) на аз шумоянд ва на аз онҳо (яҳудиён). Ва худ медонанд, ки бар дурӯғ савганд мехӯранд.

15.Худо барояшон азобе сахт омода кардааст. Зеро корҳое, ки мекунанд, нописанд аст!

16.Аз савгандҳояшон сипаре сохтаанд.  Ва аз роҳи Худо рӯй гардонидаанд. Пас, барои онҳост азобе хоркунанда!

17.Амволу авлодашон барояшон дар баробари хашми Худо суд накунад. Аҳли ҷаҳаннаманд ва дар он ҷовидонанд.

18.Рӯзе, ки Худо ҳамаи онҳоро зинда мекунад,  ҳамчунон, ки барои шумо қасам мехӯрданд, барои ӯ ҳам қасам хоҳанд хӯрд. Ва мепиндоранд, ки суде хоҳанд бурд. Огоҳ бошед, ки ҳаройна, онҳо дурӯғгӯёнанд.

19.Шайтон бар онҳо чира (ғолиб) шудааст ва номи худоро аз ёдашон бурдааст. Онҳо ҳизби шайтонанд. Огоҳ бош, ки ҳизби шайтон зиёнкунандагонанд!

20.ҳаройна, касоне, ки бо Худову паёмбараш мухолифат меварзанд, дар зумраи хоршудагонанд.

21.Худо муқаррар дошта, ки албатта, Ману паёмбаронам пирӯз мешавем! ҳаройна, Худо тавонову пирӯзманд аст!

22.Намеёбӣ мардумеро, ки ба Худо  ва рӯзи қиёмат имон оварда бошанд, вале бо касоне, ки бо Худову паёмбараш мухолифат меварзанд, дӯстӣ кунанд (зеро вақте ки инсон як нафарро дӯст дорад имкон надорад, ки душманони ӯро низ дӯст гирад), ҳарчанд он мухолифон падарон ё фарзандон ё бародарон ва ё аз қабилаи онҳо бошанд2. Худо бар дилашон рақами имон зада ва ба рӯҳе аз худ ёриашон кардааст ва онҳоро ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дароварад. Дар он ҷо ҷовидона бошанд. Худо аз онҳо хушнуд аст ва онон низ аз Худо хушнуданд. Инҳо ҳизби Худоянд, огоҳ бош, ки ҳизби Худо, ҳаройна, растагоронанд (ноҷотёфтагонанд)!

Мы в социальных сетях